Ифтитоҳи долони нави нақлиётӣ аз Қирғизистон ба Чину Покистон

Акс аз сомонаи вазорати нақлиёти Қирғизистон

Қирғизистон аз ифтитоҳи бомуваффақияти гузаргоҳи нави нақлиётие дар самти Чину Покистон хабар дод.

Вазорати нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон рӯзи 24 апрел гуфт, долони нави Қирғизистон-Чин-Покистон дар чаҳорчӯби стратегияи рушди гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётӣ ва роҳҳои мустақими расидан ба бандарҳои баҳрии ҷаҳонӣ амалӣ шудааст.

Самти роҳ аз шаҳри Бишкек шурӯъ шуда тавассути гузаргоҳи Торугарт ба самти Қошғар-Хунҷераб-Исломобод-бандари Карочӣ мегузарад. Тӯли ин долони нақлиётӣ 3,3 ҳазор км мебошад.

Вазорати нақлиёти Қирғизистон бовар дорад, ки имкониятҳои ҳамлу нақли ин кишвар ва додугирифтҳои беруна бештар шуда, роҳи расидан ба соҳилҳои баҳрӣ ҳам осон мегардад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дидори гумрукчиёни Тоҷикистону Узбекистон як моҳ баъди шикоят аз набуди иҷозаи убурПайомадҳои иқтисодии ҷанги Эрон барои Осиёи Миёна