Як мақоми амниятии Ироқ ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, қаиқҳои ҳомили маводи таркандаи Эрон ба ду нафткаш дар обҳои Ироқ ҳамла кардаанд. Ҳамлае, ки ба оташ гирифтани ин киштиҳо анҷомид ва пас аз партобҳо ба се киштии тиҷорӣ дар обҳои Халиҷи Форс як сарнишин низ кушта шуд.
Таҳлилгарон ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтаанд, "ба назар мерасад ин иқдом посухе мустақим аз сӯи Эрон ба эълони шаби гузаштаи Оҷонси байнулмилалии энержӣ дар бораи озод сохтани захираи стратегии нафт барои пешгирӣ аз афзоиши шадиди нархҳо бошад".
Вазорати корҳои дохилии Баҳрайн низ эълон кард, ки Эрон анборҳои сӯзишвориро дар вилояти Маҳрақи ин кишвар ҳадаф қарор додааст.
Вазорати корҳои дохилии Баҳрайн ҳамчунин эълон кард, ки чаҳор шаҳрванди ин кишварро борои "тасвирбардорӣ аз марказҳои ҳассос ва фиристодани онҳо аз тариқи нармафзорҳои рамзгузоришуда барои Сипоҳи посдорон" боздошт кард ва як гумонбари дигар низ, ки 25-сола аст, дар берун аз кишвар дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Оҷонси байнулмилалии энержӣ, ки аз кишварҳои бузурги истеъмолкунандаи нафт ташкил шудааст, рӯзи 11-уми март тавсия кард, барои пешгирӣ аз буҳрон 400 миллион бушка нафт аз захираҳои стратегии ҷаҳонӣ ба фурӯш бароварда шавад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, тасмими Оҷонси байнулмилалии энержӣ "барои поён додан ба ин таҳдид алайҳи Амрико ва ҷаҳон арзиши нафтро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш хоҳад дод".
Нархи нафт, ки аввали ҳафта то наздик ба 120 доллар барои ҳар бушка афзоиш ёфта, сипас ба ҳудуди 90 доллар бозгашта буд, рӯзи 11-уми март панҷ дарсад боло рафт.
Эрон низ ошкоро эълом кард, ки қасд дорад як осеби иқтисодии ҷаҳонии дарозмудат эҷод кунад. Иброҳим Зулфиқорӣ, сухангӯи қароргоҳи "Хотам-ул-анбиё"-и Сипоҳи посдорон, рӯзи 11 март гуфт, "барои нафти 200-долларӣ омода шавед".
То кунун ҳеч нишонае вуҷуд надорад, ки киштиҳо битавонанд бо амният аз оброҳа ё тангаи Ҳурмуз убур кунанд. Гузаргоҳе, ки аз панҷ як дарсади нафти ҷаҳон аз он мегузарад.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои "Гурӯҳи 7", ки Амрико, Канада, Ҷопон, Италия, Бритониё, Олмон ва Фаронса шомили он ҳастанд, созиш кардаанд, ки гузинаи ҳамроҳӣ кардани киштиҳоро баррасӣ кунанд, то онҳо битавонанд озодона дар Халиҷи Форс рафтуомад намоянд.
ИДОМАИ ҲАМЛАҲО БА САУДӢ, ИМОРОТ, КУВАЙТ ВА ИСРОИЛ
Рӯзи 12-уми март Созмони амалиёти тиҷорати баҳрии Бритониё низ эълон кард, як киштии контейнерӣ дар ҳудуди 35-километрии бандари Ҷабал Алӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, Вазорати дифои Арабистони Саудӣ низ хабар дод, ки системаи дифои ҳавоии ин кишвар 18 паҳподро дар осмони минтақаи шарқии ин кишвар раҳгирӣ ва аз байн бурдааст ва як паҳподро низ, ки дар ҳоли наздик шудан ба минтақаи дипломатнишин дар Риёз буд, сарнагун кардааст.
Вазорати дифои Кувайт низ рӯзи 12-уми март эълон кард, ки сомонаҳои дифои ҳавоии ин кишвар чанд паҳподро раҳгирӣ кардаанд.
Ҳамзамон артиши Исроил рӯзи 12-уми март низ эълон кард, ки мушакҳое аз Эрон ба тарафи Исроил партоб шудаанд ва падофанди ҳавоӣ дар ҳоли раҳгирии онҳо ҳастанд. Дар пайи ин ҳамлаҳо бонги хатар дар шаҳрҳои гуногуни Исроил, аз ҷумла Байтумуқаддас ба садо даромад.
Артиши Исроил ҳамчунин эълом кард, ки дар посух, "ҳамлаҳои густурдае" алайҳи Эрон ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон анҷом додааст.