Нерӯҳои ҳавоии Украина хабар доданд, ки Русия шаби 24 ба 25-уми феврал бо мушаку паҳподҳо ба шаҳр ва минтақаҳои ин кишвар зарба задааст.
Мушакҳо аз ҳавопаймоҳои бомбафкани навъи Ту-95 аз шаҳри Энгелски вилояти Саратов партоб шуданд.
Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, навишт, ҳавопаймои бесарнишини навъи “Шаҳид” тамоми шаб дар фазои чанд вилояти Украина дида шуд.
Дар вилоятҳои Киев, Харков, Днепропетровск, Херсон, Донетск, Наколаев, Житомир, Виннитса ва Черниҳов чанд бор хатари афтодани бесарнишинҳоро эълон карданд.
Дар вилояти Киев як зан маҷруҳ шуда, чанд манзил вайрон гашт.
Вазорати мудофиаи Русия дар бораи ҳамлаи паҳподҳо аз тарафи Украина хабар дода, иддао кардааст, ки аксари онҳоро дар фазои вилояти Брянск безарар гардонд.