Идомаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ва Украина ба якдигар

Кривой Рог, Украина. Акс аз 5-уми марти 2025

Чанд соат баъд аз ризоияти Украина ба созиши оташбаси якмоҳа бо Русия, ду тараф ҳамчунон ҳамлаҳои ҳавоиро ба якдигар идома доданд.

Дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия ба шаҳри Кривой Рог ва Одесса дар Украина дар рӯзи 12-уми март камаш 5 нафар кушта шуд. Як кас дар Кривой Рог ва чаҳор узви як киштии борбар дар наздикии шаҳри бандарии Одесса.

Пеш аз ин Русия ба шаҳри Киев низ ҳамлаи васеъ анҷом дод. Дар бораи зарбаҳои ҳавоӣ ба Харков низ гузориш расид.

Ҳамлаҳо чанд соат баъд аз он сурат гирифтанд, ки мақомоти Украина ва Амрико рӯзи 11-уми март ба мулоқоти муҳиме дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ поён доданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тарҳи оташбаси 30-рӯза. Украина пазируфт, Русия чӣ хоҳад гуфт?

Вазорати дифои Русия рӯзи 12-уми март гуфт, шаби гузашта шаш ҳавопаймои бесарнишинро маҳв кард. Якеро дар Қрими ишғолшуда ва панҷ паҳподи дигарро бар фарози баҳри Сиёҳ.

Дар ҳамин ҳол, Русия иддао кард, ки дар минтақаи ғарбии Курск пирӯзиҳои бештар ба даст овардааст. Маскав мехоҳад нерӯҳои Украинаро, ки аз моҳи августи соли гузашта бахше аз қаламрави Русияро ишғол кардаанд, берун кунад.