Идомаи эътирозҳо дар Эрон

Эътирозҳо дар Кирмоншоҳ.

Эътирозҳо дар Эрон ба сабаби поин рафтани бесобиқаи арзиши пули миллӣ ва таварруми афзоянда рӯзи 31 декабр ҳам давом карданд ва ҳоло вориди рӯзи чаҳорум шуданд.

Рӯзи 31 декабр ибтидо наворҳои видеоӣ аз шаҳристони Фасо дар вилояти Форс дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки эътирозгаронро дар рӯбарӯи бинои ҳукумати ин минтақа нишон медод.

Чанд соат баъд видеоҳое аз гирдиҳамоии мардуми Кӯҳдашт дар вилояти Луристон ба дасти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расид.

Гуфта мешавад нерӯҳои амниятӣ дар шаҳристони Фасо зидди эътирозгарон гази ашковар истифода бурданд ва дар бархе аксу наворҳо низ партоби санг аз сӯи мардуми ба шӯромада ба тарафи бинои ҳукумат дида мешавад.

Видеое ҳам аз яке аз тарафдорони ҳукумат дар Фасо нашр шудааст, ки нишон медиҳад мағозаҳо дар ин шаҳр ҳамагӣ баста ҳастанд.

Гирдиҳамоӣ дар вилояти Форс.

Рӯзи чаҳоршанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое ҳам нашр шуд, ки гуфта мешавад марбут ба гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Наҳованд аст. Дар ин видеоҳо метавон шиори "Ҷумҳурии исломӣ, намехоҳем, намехоҳем" ва "Марг ба диктатор"-ро шунид.

Аммо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳанӯз қодир бар ростозмоии ин гузоришҳо нест. Рушди истифода аз ҳуши маснуӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, кори ростозмоии ахборро бисёр душвор сохтааст.

Шомгоҳи чаҳоршанбе видеоҳое ҳам аз гирдиҳамоӣ ва ҳузури қобили таваҷҷуҳи мардуми Ҳамадон дар хиёбонҳо нашр шуд. Яке аз ин видеоҳо ҳамлаи кормандони пулис ба ду ҷавон дар хиёбонро нишон медиҳад.

Хабаргузории эронии "Меҳр" дар хабаре, ки нимарӯзи чаҳоршанбе нашр кард, ба таври ғайримустақим рух додани даргирӣ дар шаҳристони Фасоро тасдиқ кард ва ба нақл аз як манбаи огоҳ кушта шудани як нафар дар назди бинои пулисро рад намуд.

Дар хабарҳо ҳатто номи ин эътирозгари "кушташуда" ҳам омада буд. Аммо як мақоми додгоҳӣ дар Фасо ин хабарро "овоза" хондааст.

Ин хабаргузорӣ навишт, "бо вуҷуди тамоми даргириҳо ва шикастани дарвозаи бинои ҳукумат, саҳна тавассути нерӯҳои амният ва интизомӣ мудирият шуд ва ҳеч шахсе дар ин даргириҳо кушта нашудааст".

Чанд соат баъд раиси додситонии Фасо зимни рад кардани хабари кушта шудани яке аз эътирозгарон, эълон кард, ки чаҳор тан аз эътирозгарон боздошт шудаанд. Ин мақомдор ҳамчунин аз "захмӣ" шудани се узви нерӯҳои амниятӣ хабар додааст.

Видеоҳое аз Кӯҳдашт ҳам гирдиҳамоии мардум дар яке аз майдонҳои аслии шаҳр ва саффи нерӯҳои амниятӣ дар баробари онҳоро нишон медиҳад. Дар видеое аз ин шаҳр дар вилояти Луристон садои тирандозӣ ҳам шунида мешавад.

Эътирозҳои чанд рӯзи гузашта дар Эрон бинобар поин рафтани бесобиқаи арзиши пули миллӣ ва таварруми афзоянда, рӯзи якшанбе дар Теҳрон оғоз шуд.

Эътирозҳо вақте оғоз шуд, ки қимати доллари амрикоӣ рӯзи 27 декабр дар бозори озоди Эрон аз 144 ҳазор туман ҳам фаротар рафт. Рӯзи чаҳоршанбе сайтҳои ғайрирасмӣ қимати долларро бо коҳиши чанд ҳазор тумании наздик ба 137 ҳазор туман нишон доданд.

Эътирозҳо рӯзи душанбе бо баста шудани бахшҳое аз бозор, гирдиҳамоии хиёбонӣ ва сар додани шиорҳои эътирозӣ алайҳи вазъияти иқтисодӣ ва ҳукумат дар Теҳрон, Караҷ, Ҳамадон ва дигар шаҳрҳо ҳамроҳ шуд.

Дар вокуниш ба ин, ҳукумати Эрон аз тағйири раиси кулли Бонки марказии он кишвар хабар дод ва эълон кард, ки Абдулносир Ҳимматӣ ҷойгузини Муҳаммадризо Фарзин хоҳад шуд.