Муфтии Тоҷикистон санаи эҳтимолии фарорасии Иди Қурбонро эълон кардааст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, "тибқи ҳисобҳои пешакӣ, имсол иди Қурбон ба 27-уми май рост меояд".
Ба гуфтаи муфтии кишвар, ин сана ҳанӯз ниҳоӣ нест ва Шӯрои уламо як ҳафта қабл аз фарорасии ид, рӯзи Иди Қурбонро эълон мекунад.
Мутобиқи таълимоти дини Ислом, иди Қурбон ҳамасола санаи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷри қамарӣ фаро мерасад.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон як иди расмӣ аст ва ба ин муносибат мардум истироҳат мекунанд. Ба муносибати ид бархе хонаводаҳо чорво забҳ мекунанд. Зиёрати қабри гузаштагон ва аёдати хешовандону наздикон яке дигар аз одатҳои ид дониста мешавад.