Ҳукумати Яман, ки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудааст ва қароргоҳаш дар шаҳри Адан мебошад, гузориш дод, ки Ҳусиҳо (гурӯҳи "Ансоруллоҳ"), ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, пас аз тасарруфи бандари Ал-Махо, ба тарафи ҷазираҳоҳои Ҳаниш дар Баҳри Сурх пешравӣ кардаанд.
Чаҳор манбаи низомии ҳукумати Яман дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" тасдиқ карданд, ки ҳусиҳо назорати шаҳри таърихии Ал-Махоро ба даст гирифтанд.
Ал-Махо дар ҳудуди 75-километрии шимоли тангаи Бобулмандиб қарор дорад ва ин пешравӣ метавонад нуфузи ин гурӯҳ бар ин тангаро, ки яке аз муҳимтарин масирҳои киштиронии ҷаҳон аст, афзоиш диҳад.
Ҳусиҳо бо оғози ҳамла ба ҷазираҳои Ҳаниш, нерӯҳои давлатӣ ва муттаҳидонашонро ба тарафи ҷануб ва ба сӯи шаҳри Зубоб ақиб ронданд. Шаҳри Зубоб дар ҳамсоягии тангаи Бобулмандиб ва дар муқобили ҷазираи Парем воқеъ шудааст.
Ин ҳамла бахше аз талошҳои ин гурӯҳ барои ба даст гирифтани назорати тамоми навори соҳили ғарбии Яман мебошад. Дар рӯзҳои ахир, даргириҳо миёни ҳусиҳо ва нерӯҳои вафодор ба ҳукумати Яман, ки мавриди ҳимояти Арабистони Саудӣ мебошад, авҷ гирифтааст. Садҳо нафар дар ин даргириҳо ба ҳалокат расиданд ва ҳазорон нафар хонаву дари худро тарк карданд.
Тангаи Бобулмандиб Баҳри Сурхро бо Халиҷи Адан пайваст мекунад ва як масири муҳим барои тиҷорати баҳрии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин танга маҷрое барои интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ба Аврупо, Осиё ва дигар минтақаҳои ҷаҳон аст.
Аҳамияти ин оброҳа дар пайи пеш омадани мушкил дар киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз афзоиш ёфтааст. Арабистони Саудӣ дар ҳоли тағйири масири интиқоли рӯзонаи миллионҳо бушка нафт аз тариқи бандари Янбуъ дар Баҳри Сурх аст.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳусиҳо аз муҳосираи баҳрӣ алайҳи Арабистони Саудӣ хабар доданд. Пешравии ин гурӯҳ ба тарафи Бобулмандиб таҳдиди бештар барои содироти нафти Арабистони Саудӣ эҷод кардааст.
Дар ҳоле, ки ин даргириҳо боло гирифтааст, хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, ки Покистон ҳушдори Арабистони Саудиро ба Эрон интиқол дода ва аз Теҳрон хостааст, пеши роҳи ҳусиҳоро бигирад. Як мақоми баландпояи эронӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, посухи Эрон ин будааст, ки "Теҳрон контроле бар ҳусиҳо надорад".
Бо ин ҳол, ду манбаи эронӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, Теҳрон ҳафтаи гузашта ҳусиҳоро ба анҷоми ҳамлаҳо алайҳи Арабистони Саудӣ ташвиқ карда ва ваъдаи кӯмаки молӣ ва аслиҳаи бештаре ба ин гурӯҳ додааст. Ба гуфтаи ин манбаъҳо, чанд фармондеҳи Сипоҳи посдорон низ барои кӯмак ба ҳамоҳангии ҳамлаҳо ба Яман сафар кардаанд.
Ин иддаоҳо ба таври мустақил тасдиқ нашуда ва Эрон борҳо ҳусиҳоро гурӯҳи мустақил муаррифӣ кардааст. Исмоли Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 10 сентябр низ гуфт, ҳусиҳо "на аз касе дастур мепазиранд ва на намояндаи дигарон" ҳастанд.
Ҳусиҳо дар соли 2014 шаҳри Санъо, пойтахти Яманро тасарруф карданд. Дар соли 2015 Арабистони Саудӣ дар ҳимоят аз ҳукумати барасмиятшинохташуда дар сатҳи байналмилалӣ, раҳбарии як эътилофи низомиро бар ӯҳда гирифт. Оташбасе, ки дар соли 2022 бо миёнҷигарии СММ барқарор шуд, даргириҳоро ба таври чашмрас коҳиш дод, аммо боиси як тавофуқи сиёсӣ нашуд.