Ҳуши маснӯӣ ва ё ҳушвора инсониятро аз байн мебарад?

Ҷейкоб Коксон, як корманди собиқи ширкати амрикоии Anthropic, ки ба офаридани моделҳои ҳушвора ва ё ҳуши маснуӣ машғул аст, сабаби истеъфои пурсарусадояш дар фазои маҷозиро шарҳ додааст.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии X (Твиттери собиқ) навиштаст, сабаби асосии рафтанаш ин аст, ки Anthropic ва ширкати OpenAI, ки қаблан он ҷо низ кор мекард, «босуръат ба самти офаридани абарҳушворае ҳаракат доранд ва бо ин кор бо зиндагии мо бозӣ мекунанд». Мутахассиси амрикоӣ гуфтааст, ширкатҳо дар рақобати шадид барои офаридани ҳушвора тадбирҳои бехатариро фаромӯш мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, одамоне, ки ҳуши маснӯӣ месозанд, боварии комил доранд, ки он «метавонад то охири ҳамин даҳсола ҳамаи моро нобуд созад».

Ин суханони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр чархид ва сабаби вокуниши Эван Ҳабингер, яке аз мутахассисони асосии амният дар ширкати Anthropic шуд. Ҳабингер гуфт, дар ҳақиқат дар ширкати онҳо ба ин боваранд, ки ҳуши маснӯӣ «метавонад тамоми инсониятро нобуд кунад». Ба назари шахсии Ҳарбингер, эҳтимоли рух додани чунин фоҷиа дар 10 соли оянда беш аз 10 дар садро ташкил медиҳад.

Эван Ҳабингер гуфтааст, бо вуҷуди дарки хатарҳо, онҳо то ҳанӯз барномаи дақиқе надорад, ки инсонҳо чӣ гуна метавонанд, назорат бар абарҳушвораҳоро нигаҳ доранд. Манзур аз «абарҳушвора» ҳуши маснуиест, ки худро мустақилона беҳтар ва такмил мекунад ва ҳангоми тасмимгирӣ ба дастури инсон такя намекунад. Сэмюэл Маркс, як корманди дигари Anthropic гуфтааст, ҳар қадар мақоми корманд дар ширкат баландтар бошад, нигаронии ӯ аз таҳдидҳои ҳушвора ба башарият ҳамон қадар бештар аст.

Баёнияҳои мутахассисон ба пажӯҳиш ва хабарҳои ахир пайванд мехӯрад. Чанде пеш маълум шуд, ки баъзе аз моделҳои ҳушвора дар ҷараёни озмоишҳо ҳатто бидуни пайваст шудан ба интернет мустақилона ба он роҳ ёфта, бидуни фармони одамон ҳамлаҳои ҳаккериро созмон додаанд.

Масъалаи «маҳдудсозӣ» ё пешгирии рушди беназорати қобилиятҳои ҳуши маснӯӣ вақтҳои ахир ба яке аз мавзӯъҳои муҳим дар ин соҳа табдил ёфтааст. Илон Маск, мудири ширкати Тесла, ки модели ҳушвораи Grok-ро сохтааст, ҳанӯз соли 2023 гуфта буд, ки маҳви инсоният ба дасти ҳуши маснӯиро сарфи назар намекунад. Аммо баъзе аз мунаққидони ширкатҳои ҳушворасозӣ мегӯянд, баҳсҳо дар бораи хатарҳои ваҳшатноки ҳуши маснӯӣ як навъ бозӣ ба хотири ҳифзи манофеи иқтисодии бозигарони аслии ин бозор аст, то дигаронро аз соҳа дур нигоҳ доранд.

Ҳуши маснӯӣ айни замон муҳаррики асосии иқтисоди Амрико ва ҳамзамон сарчашмаи нигаронии ҷомеа ба шумор меравад. Дар Иёлоти Муттаҳида дар бораи танзими ин соҳа баҳсҳои доғ идома доранд.

Баҳсҳо ҳам барои амният ва ҳам аз ин нигарониҳо сар мезананд, ки рушди ҳуши маснӯӣ миллионҳо нафарро бекор мекунад ва сохтмони марказҳои бузурги коркарди иттилоот сабаби ба таври назаррас гарон шудани нархи нерӯи барқ мегардад.