Дар пасманзари шикоятҳо аз зиёд шудани тамоси қаллобон ба муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд.
Хадамот 18-уми феврал дар изҳороте гуфт, ашхоси номаълум худро корманди бонк, оператори ширкатҳои мобилӣ ё шахси шинос нишон дода, бо баҳонаҳои гуногун аз муштариён коди SMS, рақами корти бонкӣ ва дигар маълумоти махфиро талаб мекунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи Хадамоти алоқа, "баъзе қаллобон бо баҳонаи танзими интернети 4G ё 5G дар телефонҳо занг зада, кӯшиш мекунанд маълумоти шахсӣ ё коди тасдиқиро гиранд".
Мақомот мегӯянд, дар сурати гирифтани рақам ё коди махфӣ аз муштариён қаллобон метавонанд ба корти бонкӣ ва ҳамёни мобилии шахс дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои онро азхуд кунанд.
Дар изҳороти Хадамоти алоқа омадааст, ширкатҳои мобилӣ ҳеч гоҳ аз муштариён рамзи тасдиқ ё (SMS-код), рақами корти бонкӣ ва рамзи махфии барномаи насбшуда дар телефонро намепурсанд.
Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки ба занг ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳанд, пайванд ё "ссилка"-ҳои шубҳанокро накушоянд ва барномаҳои номаълумро дар телефон насб накунанд.
Ҳафтаи равон чандин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоси шахсони ношинос ва талаб кардани рамзи паёмак шикоят карданд.
Ба гуфтаи муштариён, афроди ношинос аз хориҷӣ, аз ҷумла аз Қирғизистон ва Русия занг зада, бо баҳони танзими интернети 5G рамзи паёмаки ирсолшударо мепурсанд.