Ҳушдори Исроил ба сокинони 20 шаҳру деҳа дар ҷануби Лубнон

Ҷануби Лубнон.

Артиши Исроил рӯзи 13 июн бо вуҷуди оташбас дар ҷанг бо "Ҳизбуллоҳ", аз ҳамлаҳои қарибулвуқӯъ ба ҷануби Лубнон ҳушдор дод ва ба сокинони 20 шаҳр ва деҳа дар наздикии шаҳри Набтия гуфт, ки ин минтақаҳоро холӣ кунанд.

Артиши Исроил эълон кард, ин ҳушдор дар пайи нақзи оташбас аз сӯи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон содир шудааст.

Сухангӯи арабзабони артиши Исроил дар матне дар шабакаи Х навишт, "барои амнияти худ, бояд фавран хонаҳои худро холӣ карда, ба шимоли дарёи Заҳронӣ раванд".

Ӯ афзуд, "ҳар касе, ки дар наздикии иншоот ё таҷҳизоти ҷангии "Ҳизбуллоҳ" бошад, ҷони худро ба хатар меандозад". Ин сухангӯи артиши Исроил гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро ба нақзи оташбас муттаҳам кард.

Исроил ва Эрон рӯзи 8 июн пас аз дархости Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои қатъи даргирӣ, ҳамлаҳои мустақим ба якдигарро мутаваққиф карданд.

Аммо Теҳрон эълон кард, агар Исроил ба ҳамла ба муттаҳидонаш, ниманизомиёни "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон идома диҳад, дигарбора ҳамлаҳоро оғоз мекунад.