Бино ба гузоришҳо, рӯзи чоршанбе нерӯҳои Эрон ба чанд киштии тиҷоратӣ дар Халиҷи Форс ҳамла карданд. Дар миёни онҳо як киштии боркаш бо парчами Таиланд оташ гирифтааст. Мақомот мегӯянд, маллоҳони киштиро наҷот додаанд, вале се нафар бенишон гаштанд ва гумон меравад, ки дар дохили утоқи муҳаррики киштӣ дармондаанд.
Ҳамзамон, Эрон рӯзи чоршанбе ба Исроил ва ҳадафҳои дигар дар Ховари Миёна мушак партоб кард. Ин иқдом нишон медиҳад, ки Эрон сарфи назар аз зарбаҳои сахти Амрико ва Исроил, ки Вазорати дифои Амрико онҳоро "сахттарин ҳамлаҳо то имрӯз" номид, ҳанӯз тавони муқовиматро дорад.
Иброҳим Зулфиқорӣ, сухангӯи артиши Эрон, дар изҳороте бо хитоб ба Амрико гуфт: "Шумо наметавонед қимати нафт ва энержиро бо истифода аз “дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии иқтисодӣ” арзон нигоҳ доред. Чуноне ки қаблан ҳушдор дода будем, агар ҷанг дар минтақа густариш ёбад, мунтазири нафти 200-долларӣ бошед. Қимати нафт ба сатҳи амнияти минтақа вобаста аст ва омили аслии ноамнӣ худи шумо ҳастед."
Сарфи назар аз ин таҳдидҳо, нархи нафт, ки дар аввали ҳафта якбора боло рафта буд, дубора каме коҳиш ёфт. Сармоягузорон умедворанд, ки президенти Амрико Доналд Трамп роҳи зудтар поён додани ҷангро, ки ду ҳафта пеш оғоз шуд, пайдо мекунад.
Трамп, ки талош дорад бозорҳоро ором кунад, гуфт, ки дар Эрон дигар тақрибан ҳадафе барои задан намондааст. Ӯ афзуд: “Онҳо неруи дарёӣ ва ҳавоии худро аз даст додаанд."
Доналд Трамп
Бо ин ҳол, ҳеч нишоне аз коҳиши шиддат дида намешавад ва амнияти киштиронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз зери суол аст. Трамп рӯзи чоршанбе таъкид кард, ки ширкатҳои нафт бояд аз ин гузаргоҳи стратегӣ истифода кунанд.
Дар ҳоле ки 20 дар сади нафти ҷаҳон дар паси гулӯгоҳи Ҳурмуз банд мондааст, Оҷонси Байнулмилалии Энержӣ пешниҳод кард, барои муътадил кардани нархҳо 400 миллион бушка нафт аз захираҳои стратегии ҷаҳонӣ ба бозор бароварда шавад. Вашингтон аз ин тасмим ҳимоят кард.
Фотеҳ Бирол, раиси оҷонсӣ, гуфт, ин бузургтарин мудохила дар таърихи созмон аст. Вай афзуд, роҳи асосии бозгашти субот танҳо боз шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз аст.
“Кишварҳои узви Оҷонсии Байнулмилалии Энержӣ 400 миллион бушка нафтро вориди бозор хоҳанд кард. Ин як иқдоми бузургест, ки бо ҳадафи коҳиш додани пайомадҳои бозор сурат мегирад. Аммо бояд гуфт, ки муҳимтарин шарт барои баргаштан ба интиқоли муътадили нафту газ эҳёи транзит тавассути Ҳурмуз аст,” – афзуд ӯ.
Қимати нафт, ки рӯзи душанбе то 120 доллар боло рафта буд, ҳоло барои ҳар бушка ҳудуди 100 доллар шудааст. Аммо мақомоти Эрон рӯзи чоршанбе дигарбора гуфтанд, қасд доранд, бо идомаи ҷанг, иқтисоди ҷаҳонро ба як такони сахт рӯбарӯ созанд. Онҳо ҳатто таҳдид карданд, ки ба бонкҳое, ки бо Амрико ва Исроил ҳамкорӣ доранд, зарба мезананд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳушдори Эрон ва идомаи ҳамлаҳои Исроилу Амрико