Ҳавошиносони тоҷик ба мардуми кишвар ҳушдор додаанд, ки рӯзи 5-уми июн бахусус дар манотиқи кӯҳистонӣ эҳтиёткор бошанд, зеро хатари омадани сел зиёд аст.
Дар ҳушдори расмӣ, ки Идораи об ва ҳавошиносии Тоҷикистон нашр кард, гуфта мешавад, фардо мумкин аст, дар баъзе аз минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғду Бадахшон борони зиёд борида, сабаби обхезӣ шавад.
Хатари селу обхезӣ аз ҷумла дар рӯдхонаҳои Зарафшон, Вахш, Панҷ ва рӯдхонаҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор пешбинӣ мешаванд. Ҳавошиносон дар ин рӯзҳо ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки аз сафар ба маҳаллаҳои кӯҳӣ ва назди дарёҳои пуртуғён худдорӣ кунанд.
Селу обхезӣ, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон бисёр зиёд мушоҳида шуд, фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода кушт ва панҷ каси дигарро захмӣ кард.
Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳистонӣ аст, дар баробари селу обхезиву ярч ва ҳам хушксолӣ бисёр осебпазир аст ва солона дар натиҷаи ин фалокатҳои табиӣ даҳҳо миллион доллар зарар мебинад. Дар аксар ҳолат ҳам мардуми зиёндида маҷбур мешаванд, хонаҳои нимавайронаи худро мустақилона таъмир ва ё бозсозӣ кунанд.