Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли боронҳои сахт ва омадани сел дар минтақаи кишвар хабар додааст.
Ин ниҳод дар хабарномае навишт, аз 21 то 25 май боронҳои сахт ва омадани сел "дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" пешгӯӣ мешавад.
Мутахассисон мегӯянд, дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда "баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест".
Дар пайи ин ҳушдори ҳавошиносон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки "аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд". Ҳамчунин аз сокинон дархост шудааст, ки давоми панҷ рӯзи оянда "аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд".
Аз оғози моҳи май гирифта Тоҷикистон шоҳиди офатҳои табии маргбор шуд. Аз ҷумла рӯзҳои 1-4 май дар пайи омадани сел ҳадди ақал 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диданд.