Ҳунари миниётурнигории Камолиддини Беҳзод, мусаввири маъруфи форсизабон, аз номи Афғонистон ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО (Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милал) шомил карда шуд. Созмон гуфт, ин ҳунар барои ҳифзи бофти фарҳангӣ ва ҳувияти таърихии мардуми Афғонистон нақши меҳварӣ дорад.
Тасмим дар нишасти 20-уми ЮНЕСКО дар Ҳиндустон эълон шуд. Ҷаласа 11-уми декабр ба поён расид. Дар нишаст даҳҳо осори фарҳангии ҳафтоду ҳашт кишвар арзёбӣ шуда, бархе аз онҳо ба Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд.
Муҳаммад Ҳумоюн Азизӣ, сафири Афғонистон дар Фаронса, гуфт, "Афғонистон ва ҳунари он зинда аст ва ҳеч торикӣ наметавонад рӯшноии фарҳанги Афғонистонро хомӯш кунад."
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай низ ин тасмимро ситоиш карда, онро "манбаи ифтихор барои тамоми мардуми Афғонистон" номид.
Пешниҳоди Афғонистон барои сабти ҳунари миниётурнигории Камолиддини Беҳзод ҳанӯз соли 2021 ва зоҳиран пеш аз ба қудрат расидани "Толибон" сурат гирифтааст. Ин гурӯҳи тундрав дар бештар аз чор соли ҳокимияташ дар Афғонистон тасвири одамон ва мавҷудоти дигари зиндаро номумкин гардонд.
Камолиддини Беҳзод сарвати фарҳангии Тоҷикистон низ шумурда мешавад ва осорхонаи миллии ҷумҳурӣ ба номи ӯст.
Ин мусаввир ва миниётурнигори маъруф соли 1455 дар шаҳри Ҳирот зода шуда, дар давраи ҳукмронии Султон Ҳусайн Бойқаро ба шуҳрат расид. Дертар ӯро Шоҳ Таҳмосп аз сулолаи Сафавиён ба Табрез хонд ва дар он ҷо китобхонаи шоҳиро роҳбарӣ мекард. Дар ҳамон ҷо дафн карда шудааст.