Ҳукумати “Толибон” консулгарии Афғонистонро дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки зери назари ин гурӯҳ кор мекард, бастаанд.
Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Кобул дар ин бора бо такя ба як манбааш дар Душанбе хабар дод.
Ба навиштаи рӯзнома, "Толибон" ҳамчунин консул Нақибуллоҳ Деҳқонзодаро низ барканор кардаанд. Деҳқонзода пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон эълон карда буд, ки ниҳоди онҳо зери ҳокимияти "Толибон" кор мекунад.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари баста шудани консулгарии Афғонистонро дар Хоруғ на тасдиқ карданд ва на рад, танҳо гуфтанд, ки "ин тасмими ҳар кишвар аст".
Як манбаи Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 23 декабр ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, як ҳафта мешавад дари ин консулгарӣ баста аст ва фаъолият намекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, Нақибуллоҳ Деҳқонзода ва муовинаш ба Кобул рафтаанд.
“Ҳашти субҳ” навиштааст, ки Деҳқонзода даромадҳои ҳосилшуда аз хадамоти консулиро, ки беш аз 100 ҳазор доллар будааст, низ бо худ ба Кобул бурдааст.
Тоҷикистон то кунун ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст ва сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ихтиёри сафири ҳукумати пешини Кобул қарор дорад. Масъулони консулгарии Хоруғ борҳо эълон карда буданд, ки аз ҳукумати "Толибон" намояндагӣ мекунанд.
Хабари баста шудани консулгарии Афғонистон дар Хоруғ дар ҳолест, ки равобити Душанбе бо ҳукумати "Толибон" дар пайи сафару боздиди ҳайатҳои ду тараф рӯ ба гармшавӣ дорад.