Ҳукумати Русия натиҷаҳои гуфтугӯҳо дар бораи сулҳ дар Украинаро камранг кард

Владимир Путин ва Юрий Ушаков, ҳангоми мулоқот бо Стив Витко, ва Ҷейред Кушнер, фиристодагони Доналд Трамп дар рӯзи 3-уми декабр

Як мақоми баландпояи ҳукумати Русия умедҳо аз пешрафти босуръат дар музокироти сулҳи Украинаро, ки ду рӯз боз дар иёлати Флоридаи Амрико миёни фиристодагони Вашингтон ва Маскав ҷараён дошт, камранг кард.

Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия дар умури сиёсати хориҷӣ, рӯзи 21-уми декабр ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ки Кирил Дмитриев, музокиракунандаи аслии Русия фақат ба Маскав бармегардад ва аз натиҷаҳои гуфтугуҳо гузориш медиҳад.

Ӯ афзудааст: "Амрикоиҳо ин рӯзҳо Мавлуди Исоро ҷашн мегиранд. Мардуми зиёде кор намекунад.»

Ушаков ҳамчунин изҳороти Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар бораи пешниҳоди музокироти сеҷониба аз тарафи Амрикоро рад карда гуфтааст: "То ҳол касе чунин пешниҳодеро ҷиддӣ баррасӣ накардааст ва то ҷое ман медонам, касе сари он кор накардааст." Ба гуфтаи ӯ, Дмитриев танҳо бо мақомоти Амрико гуфтугӯ дорад.

Музокироти Флорида пас аз як ҳафтаи фаъолиятҳои зиёди дипломатӣ ва дидорҳои намояндагони Амрико бо мақомоти аврупоӣ ва украинӣ сурат гирифт.

Доналд Трамп аз моҳи ноябр фишор ба ҳукумати Украинаро оғоз кард, то тарҳи 28-бандии сулҳ бо Русияро бипазирад, ки ба бовари мунтақидон, бештар ба нафъи Русия буд. Украина ва ҳомиёни аврупоияш талош доранд ин тарҳро ислоҳ кунанд, то ки замонати қаламравҳои Украина ва кафолатҳои амниятӣ ба кишвар таъмин шавад. Бино ба гузоришҳо, аз ин тарҳи созиши сулҳ 8 банди онро кам карда, то ба 20 банд коҳиш додаанд.

Юрий Ушаков гуфтааст: "Ман мутмаинам, пешниҳодҳое, ки аврупоиҳо ва украиниҳо додаанд ё доданӣ ҳастанд, ин санадро беҳтар ва имкони даст ёфтан ба сулҳи пойдорро бештар намекунад."

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи 21-уми декабр гуфт, ки феълан нақшае барои гуфтугӯи телефонии Владимир Путин ва Доналд Трамп вуҷуд надорад, "аммо дар сурати зарурат онро метавон зуд ташкил кард."

Песков афзуд, Путин рӯзҳои 21-22-юми декабр дар Санкт-Петербург бо ҳампаймони наздикаш, раҳбари Беларус Александр Лукашенко ва дигар раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ дидор мекунад.

Ҳамзамон бо талошҳои дипломатӣ, ҳамлаҳои Русия ба Украина идома доранд. Нерӯҳои ҳавоии Украина гузориш доданд, ки Русия дар як шабонарӯз бо 97 паҳпод ба он кишвар ҳамла кардааст ва 19-тои онҳо аз сипари дифои ҳавоӣ гузаштаанд.

Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нашудааст, вале як рӯз пеш дар пайи ҳамлаи мушакӣ ба вилояти Одесса ҳафт нафар кушта шуданд.

Ситоди фармондеҳии артиши Украина хабар дод, ки дар 24 соати охир дар хатти ҷабҳа 235 задухӯрд ба вуқӯъ пайвастааст ва аксари онҳо дар атрофи шаҳри Покровск дар шарқи Донбасс буданд. Путин рӯзи 19-уми декабр дар нишасти матбуотии худ Покровскро ҳадафи асосии Маскав номид. Украина мегӯяд, маркази шаҳр ва маҳаллаҳои шимолии он ҳанӯз зери назорати неруҳои кишвар аст.

Рӯзи 20-уми декабр ва пеш аз баёнияҳои сарди Ушаков, Кирилл Дмитриев дар Флорида гуфт, ки гуфтугӯҳои «созанда» бо Амрико ҷараён доранд. Ҷонибҳои дигар низ аз "пешрафт" ҳарф мезананд, вале ҷузъиётеро ифшо намекунанд. Кохи Сафед то ҳол расман дар бораи ин музокирот изҳори назар накардааст.

Бино ба гузоришҳо Стив Виткофф, фиристодаи хоси Доналд Трамп ва Ҷаред Кушнер домоди ӯ дар ин музокирот ҳузур доранд. Марко Рубио, вазири умури хориҷӣ пештар гуфта буд, ки шояд дар ин гуфтугуҳо ширкат кунад. Худи раиси ҷумҳури Амрико рӯзҳои истироҳат дар осоишгоҳи Мара Лаго дар Флорида ва 110 километр дуртар аз Маямӣ буд, вале интизор намерафт, ки дар музокирот ҳузур дошта бошад.