Ҳукумат барои нушобаҳои нерӯдиҳанда андози нав ҷорӣ кард

Ҳукумати Тоҷикистон барои нушокиҳои нерӯдиҳанда, ки дар миёни ҷавонон бо номи "энергетик" маъруф аст, андози нав ҷорӣ кардааст.

Бар асоси қарор ҳукумат, аз 1-уми майи имсол, аз ҳар литр нӯшокии нерӯдиҳанда 0,06 евро ё қариб як сомонӣ андози аксиз гирифта мешавад.

Аксиз андозе аст, ки барои молҳои зараррасон ҷорӣ мешавад. Ҳанӯз мақомот нагуфтаанд, ки бо кадом далел барои нӯшокиҳои нерӯдиҳанда андози аксиз ҷорӣ карданд. Бархе пизишкон истифодаи ин навъ нӯшокиро барои саломатӣ зарарнок хонданд.

Бар асоси қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ 11-уми апрел шинос шуд, аз 1-уми май меъёри андози аксиз барои чанд моли дигар ҳам зиёд мешавад. Аз ҷумла, барои як литр оби ҷав ё пиво 0,40 евро ё қариб 5 сомонӣ, майи табиӣ 0,84 евро ё қариб 10 сомонӣ ва барои як литр спирт 4 евро ё 48 сомонӣ муқаррар шудааст.

Меъёри аксиз барои ҳар тона бензин ҳам аз 55 евро то 70 евро боло бурда шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2024 аз ҳисоби андози аксиз ба буҷаи Тоҷикистон 1,2 миллиард сомонӣ ворид шудааст.

Дар гузашта ин навъи андоз барои алоқаи мобилӣ норозигии бархе корбаронро ба миён оварда буд.