Ҳукми як тоҷик барои ҳодисаи 17 сол пеш дар Русия

Акс аз бойгонӣ

Пас аз 17 сол дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гуноҳи қатли як узви гурӯҳи миллатгаро ё тоссарҳои рус ба 20 сол зиндон маҳкум карданд.

Саидҷон Раҷабов, ки ҳоло 43 сол дорад, ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки соли 2009 ба се тоссар бо корд ҳамла карда, якеро куштаву ду тани дигарро маҷруҳ намудааст.

Додситонии Маскав рӯзи 18-уми сентябр хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳокима иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, ҳеч гуноҳ надорад.

Нашрияи “Газета. Ру” дар мақолае дар соли 2009 дар бораи ин ҳодиса навиштааст, ки “миллатгароҳо дар қатори байнишаҳрӣ муҳоҷирони кориро латукӯб мекарданд, вале ба муқовимат рӯбарӯ шуданд. Саидҷон Раҷабов ба се скинҳед бо корд ҳамла ва сипас ба Тоҷикистон фирор кардааст”.

Матбуоти Русия навиштааст, ки Саидҷон Раҷабовро мақомоти Тоҷикистон баъди дархости Русия барои муҳокима ба ин кишвар супурдаанд.

Маркази таҳлилии “Сова”, ки омори ҷиноят дар заминаи бегонаситезӣ ва миллию нажодиро ҷамъ меорад, навиштааст, ки соли 2025 дар Русия 145 чунин ҷиноятро сабт кард. Се ҳолат бо марги одамон анҷомидааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳабси як тоҷик барои ҳодисаи 17 сол пеш дар Русия