Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав хабарнигори украинӣ Наталя Мосейчукро ба панҷ сол зиндон маҳкум кард.
Ҳукми ӯ рӯзи 31-уми июл дар ғайбаш эълон шуд.
Мосейчукро дар Русия ба барангехтани кинаву адоват гунаҳкор донистанд.
Муфаттишон як барномаи телевизионии Наталя Мосейчукро далел оварданд, ки рӯзи 20-уми марти соли 2022, пас аз таҷовузи нерӯҳои Русия ба хоки Украина, пахш шуд.
Хабарнигор дар ин барнома рафтори Русияро маҳкум карда, русҳоро аз “қасосгирии мардуми Украина” ҳушдор додааст.
Таҳқиқи парвандаи Наталя Мосейчук дар моҳи июли соли 2023 ва мурофиааш моҳи майи имсол оғоз шуда буд.