Ҳуҷҷатҳои Алишер Мирзонаботро аз дарёи Панҷ ёфтаанд

Наҷотбахшон ва марзбонони тоҷик ҳуҷҷатҳо ва дафтари ёддошту компютери Алишер Мизонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз дарёи Панҷ пайдо кардаанд. Аммо бо гузашти қариб ду ҳафта, то ҳол ҷасад ё пайкари ӯ ва ҳамсару духтари дусолааш ёфт нашудаанд.

Дар аксҳое, ки рӯзи 28-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки шиносномаи дохилӣ, хориҷӣ ва дипломатии Алишер Мирзонаботро аз об баровардаанд.

Ҳамчунин сумка, дафтари ёддошт ва ноутбуки раиси ВМКБ-ро низ пайдо кардаанд.

дафтари ёддошти Алишер Мирзонабот

Рӯзи 28-уми июн дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷустуҷӯи пайкари Алишер Мирзонабот ва ҳамсару духтараш идома дорад. Рӯзҳои 25 ва 26-уми июн ҷасади Садоншо Ҷанобалишо, ёвари раиси вилоят ва Сино Муборакшоев, ронандаи ӯро пайдо карда буданд.

ноутбуки Алишер Мирзонабот

Мошини хидматии раиси вилояти Бадахшон рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 маъмури наҷот дар рӯйи об ва зери он дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва мавзеъҳои дигар ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

ҳуҷҷатҳои Алишер Мирзонабот

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷасади Садоншо Ҷанобилшо, ёвари раиси ВМКБ-ро ёфтаандҶасади ронандаи раиси Бадахшонро ёфтаанд"Ҷасади як мард ёфт шуд." Беш аз 200 кас Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро меҷӯяндБеш аз сад нафар ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро мекобандҶустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш идома дорадШарифхон Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ шудааст"Наметавон баҳои яксон дод." Нигоҳҳо ба корномаи Алишер МирзонаботҲалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ