HRW: Қонуни нави Қазоқистон дар бораи расонаҳо ба ислоҳ ниёз дорад

Остона, 20-уми майи 2024

Созмони Human Rights Watch гуфтааст, шарикони хориҷии Қазоқистон бояд ба он ёдовар шаванд, ки риояи уҳдадориҳои байнулмилалӣ барои таъмини озодии баён ҳатмист.

Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулони созмон, бояд аз ҳукумати Қазоқистон даъват карда шавад, ки қонуни навро "Дар бораи воситаҳои ахбори ом" тағйир диҳад.

Қонуни нав ба расонаҳои хориҷӣ ва рӯзноманигорони онҳо машғул шудан ба фаъолияти касбиро бидуни парвона (аккредитатсия) манъ мекунад.

Ба гуфтаи Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, "ин муқаррарот метавонад аз ҷониби ҳукумат ҳамчун василае барои фишор ба рӯзноманигороне, ки аз сиёсатҳои он интиқод мекунанд, истифода карда шавад".

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 20-уми июн лоиҳаи қонунро "Дар бораи воситаҳои ахбори ом" имзо кард. Тибқи қонуни нав, мафҳуми "Воситаҳои ахбори ом" манбаъҳои интернетиро низ дар бармегирад.

Қонуни нав муҳлати эътибори даъво ба матлаби расонаҳоро аз 3 то ба 1 сол кам карда, замони баррасии дархости востаҳои ахбори омро аз 7 то ба 5 рӯз коҳиш медиҳад.

Дар лоиҳаи қабулшуда меъёрҳои пешниҳодшуда дар бораи "кортҳои рӯзноманигорӣ" ва "манъи таблиғи муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" шомил нашудаанд.

Қаблан Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот (IPI) гуфта буд, ки тарҳи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом" метавонад ба вазъи озодии баён дар ин кишвар таъсири манфӣ расонад.