Раҳоии ду тарафдори "Гурӯҳи 24" дар Русия

Боздоштгоҳи рақами яки Самара

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти Русия ду нафар аз афроди гумонбар ба ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24”-ро раҳо кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия мегӯянд, дар як моҳи охир дар шаҳрҳои Самара ва Саратови ин кишвар дастикам ду нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24”-ро аз боздошт раҳо кардаанд.

Баҳром Ҳамроев, раҳбари Маркази машваративу ҳуқуқии “Помощь” дар Маскав, ки ба афроди муттаҳам ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” ёриҳои ҳуқуқӣ мерасонад, рӯзи 22 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Як нафарро дар Саратов ҳафтаи гузашта пеш озод карданд. Ӯ вақте озод мешуд, ба ман занг зад ва гуфт, метарсад, ки ӯро баъди раҳоӣ мисли Мақсуд Иброҳимов “печонда” ба Душанбе набаранд. Ман гуфтам, ки агар бурданӣ мешуданд, шаб озодат мекарданд, вале туро рӯзона ҷавоб додаанд.”

Бино ба иттилои Баҳром Ҳамроев, нафари дувуми озодшуда Сулаймон Ҷобирови 33-сола аст, ки дар авоили моҳи сентябр баъди 8 моҳи боздошт аз боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Самара озод шуд.

Хабари раҳоии ин ду нафар аз сӯи мақомоти расмии Русия ва Тоҷикистон ҳанӯз расман тасдиқ ё рад нашудааст.

Ҳарду озодшудаҳо аъзои созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” будаанд. Исми ин созмон дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014, баъди ташкили як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла дар Маскав, Екатеринбург, Саратов ва Самара, матбуотӣ шуд.

Мақсуд Иброҳимов

Мақомоти Душанбе ин созмонро шарики умдаи созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” дар Русия мешиносанд ва раҳбараш Мақсуд Иброҳимов ва дастикам 4 узви дигари “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро бо роҳҳои мухталиф аз Русия ба Тоҷикистон оварда, маҳкум ба зиндон кардаанд. Аз ҷумла Мақсуд Иброҳимов моҳи январ ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад ва танҳо баъди ним сол маълум шуд, ки ӯро ба Тоҷикистон оварда, ба 17 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 21 сентябр додгоҳи минтақаи Кунтсевои шаҳри Маскав замони боздошти Соҳибназар Абдуназаров, яке аз муассисони созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро то ду моҳи дигар тамдид кард. Абдуназаров ҳанӯз рӯзи 21 январ, ҳамагӣ чанд соат баъд аз Мақсуд Иброҳимов дар Маскав дастгир шуда буд.

Илларион Василев, вакили мудофеи Абдуназаров рӯзи 22 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, додситон то 6 моҳ тамдид кардани замони боздошти муваккили ӯро талаб кард, вале додрас инро напазируфт: “Додгоҳ аз тӯл кашидани баррасии парвандаи истирдоди Абдуназаров изҳори норозигӣ кард. Абдуназаров аллакай 8 моҳ боз дар боздошт аст ва додгоҳ гуфт, дар ду моҳи оянда баррасии парвандаи ӯро бояд анҷом бидиҳанд.”

Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, дар саросари Русия то имрӯз дастикам 12 нафар бо дархости мақомоти Тоҷикистон бо гумони ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” дастгир шудаанд. Феълан 6 нафар - Соҳибназар Абдуназаров, Абдураҳим Восиев, Меҳрубон Сатторов, Фирӯзшоҳ Лоиқов, Исмоил Холов ва Тағоймурод Маҳмадиев дар Русия ва дуи дигар – Собир Валиев дар Молдова ва Шабнам Худойдодова дар Беларус – мунтазири баррасии парвандаи истирдодашон ба Тоҷикистон мебошанд. Ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ – ифротгароӣ ва даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ – айбдор мешаванд.

Илларион Василев, ки аз ҳуқуқи 3 узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” – Соҳибназар Абдуназаров, Абдураҳим Восиев ва Фирӯзшоҳ Лоиқов – ҳимоят мекунад, иттиҳомоти эълоншуда алайҳи онҳоро рад мекунад: “Чунин иттиҳомот ҳамеша ангезаҳои сиёсӣ доранд. Вале тнҳо ҷурми ин афрод ин аст, ки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро таъсис дода, аснодашро барои сабти ном ба вазорати адлияи Русия супурдаанд.”

Баҳром Ҳамроев

Баҳром Ҳамроев, раҳбари Маркази машваративу ҳуқуқии “Помощь” дар Маскав, мегӯяд, раҳоии ахири ду нафар дар Самара ва Саратов онҳоро умедвор мекунад, ки мақомоти Русия аз истирдоди бақия ба Тоҷикистон низ худдорӣ хоҳанд кард: “Мо талош дорем собит намоем, ки ин ҷавонон ҳадафи таъқиботи сиёсӣ қарор гирифтаанд ва дар асл ягон азми сарнагун сохтани ҳукуматро надоштанд, балки танҳо норозигии худро аз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон баён кардаанд.”

“Гурӯҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки се сол пеш аз сӯи Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду тоҷири дар гузашта ба доираҳои ҳокими ин кишвар наздик, таъсис ёфтааст. “Гурӯҳи 24” бо кумаки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати Тоҷикистонро ташкил дод ва мардумро рӯзи 10 октябр ба як тазоҳуроти бузург дар майдони марказии Душанбе даъват кард. Ин тазоҳурот , дар ниҳоят доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро расман манъ ва дар моҳи декабр ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.