"Ҳизбуллоҳ" аз даргирӣ бо Исроил хабар дод

Ҷануби Лубнон.

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон рӯзи 18 июн эълон кард, ки нерӯҳояш дар ҷануби ин кишвар бо артиши Исроил даргир шудаанд. Чанд соат пеш аз ин, расонаҳои расмии Лубнон аз кушта шудани се нафар дар ҳамлаҳои паҳбодии Исроил хабар дода буданд. Дар ҳамлаи дигар, як нафар дар яке аз минтақаҳои марзӣ кушта шудааст.

"Ҳизбуллоҳ" эълон кард, нерӯҳояш бо артиши Исроил дар наздикии шаҳри Набатия, ки пешравӣ карда буданд, даргир шудаанд ва ин даргириҳо ҳамчунон идома дорад.

Ин ҳодиса як рӯз пас аз имзои созиш миёни Эрон ва Амрико барои поён додан ба ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳои минтақа, аз ҷумла Лубнон, рух медиҳад.

Артиши Исроил низ аз кушта шудани як низомии худ ва захмӣ шудани ҳафт нафари дигар дар ҷануби Лубнон хабар дод.

Ҳамзамон, сухангӯи дабири кулли СММ эълон кард, ки нерӯҳои сулҳбони ин созмон дар Лубнон даргириҳо миёни "Ҳизбуллоҳ" ва Исроилро сабт кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар рӯзи панҷшанбе 143 партоб сурат гирифтааст, ки 119 мавриди он ба артиши Исроил ва боқимонда ба "Ҳизбуллоҳ" нисбат дода шудааст.