Дар номаи раҳбарони Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милал, ки моҳи март ба намояндаи Тоҷикистон фиристодаанд, омадааст, ки ҳукумати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи башар дар чаҳор соли гузашта ягон пешрафт накардааст.
Дар номаи раҳбарони кумитаи СММ асосан аз шеваи бархӯрд бо фаъолони маданӣ, риоят накардани ҳуқуқи мардуме, ки хонаҳояшон вайрон карда мешавад танқид шудааст. Чунин шикоятҳо ба унвонии Радиои Озодӣ ҳам зиёд мерасад. Бар асоси уҳдадориҳои байналмилалии худ, Тоҷикистон бояд ҳаққи мардум ба зиндагӣ дар сарпаноҳи муносибро таъмин кунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мусодираи хонаҳои фарзандони Зайд Саидов дар маркази Душанбе "Ин аҳволро бинед." Даъвои гурӯҳе аз сокинони як бино дар маркази ХуҷандДар масъалаи пардохти пул ба онҳое, ки дар ҷойи хонаҳои онҳо дигар иншоот месозанд, гузоришгарони Созмони Милал гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои тавсияҳое, ки коршиносони созмон чаҳор сол пеш доданд, ягон пешрафт накардааст. Дар нома омадааст, ки ҷониби Тоҷикистон ягон далели равшане дар мавриди риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми кӯчонидан аз хонаҳояшон ба дигар ҷой пешниҳод накард.
Созмони Милал гуфтааст, ки бо сокинон машваратҳои дуруст сурат намегирад, кафолати бо манзили дигар таъмин кардани одамон вуҷуд надорад ва ин боиси бесарпаноҳ мондани мардум мегардад. Дигар масъала берун кардани паноҳҷӯёнест, ки бо умеди ёфтани амният ба Тоҷикистон омадаанд.
Тоҷикистон дар ду се соли гузашта садҳо паноҳҷӯи афғонистониро, ки аз тарси Толибон гурехта буданд, бозпас фиристод ва аз тарафи Созмони Милал ҳам танқиди зиёд шунид.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар як моҳ беш аз 900 афғонистониро аз Тоҷикистон берун кардаандИхроҷи наздик ба ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз ТоҷикистонЯк нуктаи муҳим дар номаи раҳбарони Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Дар нома, ки ба унвонии Шараф Шерализода, сафири Тоҷикистон дар идораҳои Созмони Милал дар Женева ирсол шудааст, аз идомаи "таъқиб, тарсонидан ва бадномсозии" ҳомиёни ҳуқуқ изҳори нигаронӣ мешавад.
Дар гузориш махсусан таъкид шудааст, ки ҳомиёни ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои ҷинсӣ бисёр осебпазир ҳастанд ва ҳукумат Кодекси ҷиноиро барои фӯру нишондани фаъолиятҳои мусолиматомез ба кор мебарад. Коршиносони СММ додгоҳҳои Тоҷикистонро танқид карданд, ки ҳуқуқи мардум ба муҳокимаҳои одилонаро зери по карда, мурофиаҳои муҳимро паси дарҳои баста мегузаронанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон дар миёни даҳ кишвари "зиндони рӯзноманигорон"Кетрин Грос: Тоҷикистон дар миёни кишварҳои саркӯбгар боқӣ мондВакилони дифои мустақил ба сахтӣ пайдо мешаванд. Дар ду соли гузашта дар Тоҷикистон муҳокимаи хабарнигорон ва фаъолони маданӣ, чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ паси дарҳои баста сурат гирифт ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар ин сурат касе чунин айбдоршавандагонро гунаҳкор ҳисобида наметавонад.
Тоҷикистон ҳар чаҳор сол ба Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милал гузориш медиҳад, ки чӣ корҳое барои риояти ин ҳуқуқи мардум ва беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон анҷом додааст, вале онгуна, ки аз нома бармеояд, чаҳор соли гузашта талошҳои кишвар дар ин замина беҳосил будаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
СММ ҳукумати Тоҷикистонро сахт танқид кардааст