Як ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш”, ки рӯзи 24-уми сентябр бо сабаби иҷоза надодани Туркманистон аз нимароҳи сафараш ба Тоҷикистон ба Теҳрон баргашт, дертар бо дигар кардани масир ба Душанбе расидааст.
Пойгоҳи Flightradar24 мегӯяд, ин парвоз шаби гузашта бо истифода аз қаламрави ҳавоии Озарбойҷону Қазоқистон ва Узбекистон имконпазир гашт.
Ҳавопаймо 25-уми сентябр аз Душанбе ба Теҳрон парвоз анҷом додааст.
Flightradar24
Интизор меравад, ҳавопаймои дигари ширкати “Вориш” рӯзи 25-уми сентябр аз Машҳад ба пойтахти Тоҷикистон биояд.
Тибқи нишондоди таблои Фурудгоҳи Душанбе феълан ин парвоз ба таъхир уфтодааст, вале маълум нест то кай ва сабабашро ҳам нагуфтаанд.
Парвози ҳавопаймои “Вориш” аз Эрон ба Тоҷикистон рӯзи 24-уми сентябр ба сабаби таҳримҳои Амрико бо душворӣ рӯ ба рӯ шуд.
Вазорати хазинадории Амрико аз 8-уми сентябр ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Эронро ба рӯйхати таҳримҳои худ шомил карда, аз 23-юми сентябр таҳримҳои дуюмдараҷаро барои расонидани хидматрасонӣ ба ҳама гуна ҳавопаймои эронӣ дар саросари ҷаҳон ба иҷро даровард.
Як манбаи огоҳ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Туркманистон ба ҳавопаймои ширкати эронӣ иҷоза надодааст, ки аз ҳарими ҳавоияш истифода кунад.
Дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, халабон мегуфт, иҷозатномаи убур аз қаламрави ҳавоии Озарбойҷон низ дастрас нашуд. Ба назар мерасад, Боку дертар барои гузаштани ин ҳавопаймо аз фазояш розӣ шудааст.
Парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе, ки баъди ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврали имсол қатъ шуда буд, аз охири моҳи май дигарбора барқарор шудааст.