Ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмонро дар Швейтсария дидаанд

Тоҷикистон ҳавопаймои “Boeing 787”-ро соли 2023 бо 92 миллион доллар аз Мексика харид

"ZRH Aircraft", як шабакаи аксу наворбардории ҳавопаймоҳо дар Фурудгоҳи Сюрих, рӯзҳои 21 ва 25-уми ноябр видеои фуруд омадан ва ба осмон бархостани ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Швейтсария нашр кард.

Чаро ҳавопаймои "Boeing 787"-и мутааллиқ ба раисҷумҳури Тоҷикистон ба Швейтсария рафта, чор рӯз онҷо мондааст, маълум нест.

Ҳамагӣ як рӯз пеш аз фуруди ин ҳавопаймо дар Сюрих, яъне 20-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон мизбони Владимир Путин, президенти Русия, дар Душанбе буд.

Ҳоло дақиқ нест, ки худи раисҷумҳури Тоҷикистон ба Швейтсария рафтааст ё будани ҳавопаймои ӯ дар Сюрих сабаби дигар дорад.

Мақомот дар бораи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо ҳарфе нагуфтаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳавопаймои “Boeing 787”-ро соли 2023 бо 92 миллион доллар аз Мексика харид. Пуле, ки Мексика ба бунёди шифохона харҷ кардааст.

Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро танқид карданд, ки аз ҳисоби буҷа ва мардум барои сафарҳои хориҷии худ ҳавопаймо харид. То он вақт президент Раҳмон ҳангоми сафарҳояш аз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” истифода мекард.

Инро бинед:

Барои ҳавопаймои президент дар фурудгоҳи Душанбе "ангар" сохтаандАз Boeing то Airbus. Раҳбарони Осиёи Марказӣ бо чӣ парвоз мекунанд?Садҳо хона, қасри варзиш ва корхона. Пули ҳавопаймои президент ба чӣ мерасид?Ҳавопаймои 92-миллиондолларӣ ба Душанбе расидааст