Ҳавопаймои амрикоӣ ҳангоми фуруд дар Торонто вожгун шуд

Як ҳавопаймои мусофирбари ширкати амрикоии Delta Airlines ҳангоми фуруд омадан дар яке аз фурудгоҳҳои шаҳри Торонтои Канада вожгун шуд. Бар асари ин ҳодиса 17 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин ҳавопаймо бо 76 мусофир ва чаҳор сарнишин, рӯзи душанбе аз Миннеаполис дар Амрико ҳаракат карда буд ва ҳангоми нишаст дар фурудгоҳи "Пирсон"- Торонто, ки шоҳиди бориши сахти барф буд, вожгун шуд.

Ширкати Delta Airlines шумори захмиёнро 18 тан эълон кард, аммо баъдан мудири фурудгоҳи Торонто гуфт, ки ин сониҳа 17 маҷрӯҳ дошт, ки ба бемористонҳои маҳаллӣ интиқол ёфтанд.

Ҳоли се тан аз маҷрӯҳон, аз ҷумла, як кӯдак ва ду марди калонсол, вазнин гуфта мешавад.

Дар наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан мувозинати худро аз даст медиҳад ва пас аз расидан ба замин, ба таври комил вожгун мешавад.

Ҳамчунин видеоҳое аз хуруҷи амни мусофирон аз ин ҳавопаймо ва фаъолияти имдодгарон дар фурудгоҳ нашр шудааст.

Ин сониҳа боис шуд, ки парвозҳои вурудӣ ва хуруҷии фурудгоҳи "Пирсон" ҳудуди ду соат қатъ шавад.

"Пирсон" калонтарин фурудгоҳи Торонто аст ва қарор буд рӯзи душанбе бинобар бекор кардани чандин парвоз дар рӯзҳои гузашта бинобар барфбории сахт, шоҳиди издиҳоми парвозҳо бошад.

Сабаби сониҳаи рӯзи душанбе ҳанӯз эълом нашудааст, аммо ба навиштаи хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", эҳтимолан номусоидии ҳаво боиси он шудааст.