Ҳавопаймоҳо аз Теҳрон ба Душанбе омадаанд, аз Машҳад не

Акс аз бойгонӣ

Чанд манбаи огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, тайи тақрибан як ҳафтаи охир ва баъди он ки Туркманистон иҷозаи истифода аз ҳарими ҳавоияшро надод, парвози ҳавопаймоҳо аз Машҳади Эрон ба пойтахти Тоҷикистон сурат нагирифтааст. Қарор буд, ҳавопамойи ширкати эронии “Вориш” рӯзи ҷумъаи гузашта ба Душанбе биояд.

Дар ҳамин ҳол, парвози ҳавопаймоҳо аз Теҳрон ба Душанбе ҳамчунон идома доштааст. Яке аз ин ҳавопаймоҳо рӯзи 29-уми сентябр расид.

Як корманди ширкати билетфурӯшӣ дар Душанбе гуфт, парвоз дар самти Теҳрон-Душанбе-Теҳрон ҳафтае ду бор (дар рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе) дар назар аст, “вале агар ҳавопаймо пур шуд, парвоз зудтар сурат мегирад, мисли чартерӣ.”

Мусоҳиби мо ҳамзамон тасдиқ кард, ки парвоз дар масири Теҳрон-Душанбе дарозтар шудааст. "Пеш 1 соату 50 дақиқа тӯл мекашид, ҳоло 3-3,5 соат шудааст. Туркманистон иҷозаи убур аз ҳарими ҳавоияшро намедиҳад. Ҳавопаймо давр зада, ба воситаи кишварҳои дигар парвоз мекунад,” – шарҳ дод ӯ.

Тасвирҳо аз вебсайти flightradar24 низ нишон медиҳанд, ки ҳавопаймо аз Теҳрон тавассути Озарбойҷону Қазоқистон ва Узбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳавопаймои "Вориш" аз Теҳрон ба Душанбе расид, вале аз роҳи дигар

Мусоҳиби дигари мо дар як ширкати ҳавопаймоӣ, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, нархи билети Душанбе-Теҳрон дар як ҳафтаи охир тағйир наёфтааст. “Ҳоло 3 ҳазор сомонӣ аст, яъне 340-350 доллари амрикоӣ. Албатта, нархи билет дар давоми сол дигар шуд. Масалан, моҳи январ, вақте аз ҷанг ҳеч хабар набуд, нархи билет 1500 сомонӣ буд, ҳоло ду баробар гарон аст.”

Ба иттилои ин манбаъ, ҳоло байни Эрону Тоҷикистон танҳо ҳавопаймоҳои “Вориш” дар парвозанд. Пештар ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон низ дар ин масир мусофир мебурданд, аммо пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврали имсол дигар ҳаракат намекунанд.

Парвози ҳавопаймоҳои ширкати эронии “Вориш” аз Эрон ба Тоҷикистон бо сабаби таҳримҳои Амрико дучори мушкил шудааст.

Вазорати хазинадории Амрико аз 8-уми сентябр ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Эронро ба рӯйхати таҳримҳои худ шомил карда, аз 23-юми сентябр таҳримҳои дуюмдараҷаро барои расонидани хидматрасонӣ ба ҳама гуна ҳавопаймои эронӣ дар саросари ҷаҳон ба иҷро даровард.