Ҷоми ҷаҳонии футбол рӯзи 11-уми июн бо ширкати дастаҳои мунтахаби 48 кишвар дар Амрико, Мексика ва Канада оғоз хоҳад ёфт. Дар ин қувваозмоии байнулмилалии варзишӣ бори аввал як даста аз Осиёи Марказӣ – мунтахаби Узбекистон – иштирок мекунад. Ин дастовард боис ба маҳбубияти футбол дар Узбекистон шуда, ҳаводорон мунтазири муъҷиза ҳастанд.
Дастаи мунтахаби футболи Узбекистон ҳафтаи равон таҳти сарварии барандаи "Тӯби тилоӣ", футболбози машҳури Италия Фабио Каннаваро дар чорчӯби бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Узбекистон дар гурӯҳи “К” рӯзи 17-уми июн бо Колумбия, 23-юми июн бо Португалия ва 27-уми июн бо Ҷумҳурии демократии Конго рӯбарӯ мешавад. Аммо дар ватан ҳаводорони футбол мегӯянд, сарфи назар аз натиҷа футболбозони дастаи мунтахаб барои онҳо қаҳрамонанд.
Абдусаид Рӯзиматов, донишҷӯ дар Узбекистон, мегӯяд, "бозии аввал на фақат барои футболбозон, балки барои мо – ҳаводорони футбол ҳам хеле ҳаяҷоновар аст. Агар мо дар қувваозмоӣ бо Колумбия дастболо шавем, ҳатман дар бозиҳои баъдӣ ҳам итминони бештар нишон хоҳем дод. Аз ин рӯ, ба фикрам, бозӣ бо Колумбия хеле муҳим аст."
Ин донишҷӯйи 22-сола яке 30 ҳазор ҳаводори футбол аст, ки моҳи гузашта барои гусели ботантанаи дастаи мунтахаб ба Ҷоми ҷаҳонӣ дар варзишгоҳи Тошканд ҷамъ шуданд.
Ҷойи ёдоварист, ки мунтахаби наврасони футболи Узбекистон ҳам барандаи Ҷоми Осиё буда, аз дастаҳои қавитарини ин қора ба шумор меравад. Хабарнигори "Франс пресс" навиштааст, ки пирӯзии футболбозони узбек ҳамзамон бо татбиқи барномаи "Узбекистони нав"-и раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба вуқуъ мепайвандад, ки ҳадаф аз он ислоҳот ва рушди ин кишвар аст.
Тибқи нақшаи Мирзиёев, дар Узбекистон сармоягузории хориҷӣ ташвиқ шуда, додугирифт ва равуо ба ин кишвар осонтар мешавад, то кишвар дар саҳнаи ҷаҳонӣ мақоми муносиб касб кунад. Ҳарчанд мунтақидони ҳукумати Узбекистон исрор меварзанд, ки кишвар худкома ҳасту дар он озодии баён маҳдуд ва мухолифин таъқиб мешаванд.
Коршиносон рушди футболи Узбекистонро бо стратегияи тарбияи насли наврас иртибот медиҳанд. Тахминан сеяки 37 миллион аҳолии Узбекистон ҷавонони аз бистсола поин мебошанд.
Ба навиштаи хабарнигори "Франс пресс", барои аксар ҳаводорони футболи Узбекистон ҳузури футболбозони ин ҷумҳурӣ дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ як дастоварди бузург аст, сарфи назар аз натиҷа онҳо қаҳрамон ҳастанд. Ба қавли онҳо, мураббӣ Каннаваро низ бо ситораҳое чун Абдуқодир Ҳусанов, Аббосбек Файзуллоев ва Элдор Шомуродов метавонад дар мусобиқаи Ҷоми Осиёи соли 2027-ум пирӯзӣ ба даст орад.