Пирӯзии Сулаймон Маҳмадов, размикори тоҷик бо лақаби "Ҷаллод", дар набард бо рақиби чеченаш дар Арманистон дар сархати хабарҳои муҳим дар ин кишвар қарор гирифт ва баҳси зиёдеро барангехт.
Сулаймон Маҳмадов рӯзи 1-уми август дар набарде дар шаҳри Ереван рақибаш Умар Давлатмирзоевро шикаст дод.
Азбаски ӯ дар даст парчами Арманистону Тоҷикистон ва бар тан либоси низомиёни арманиро дошт, бо истиқболи гарми мардуми ин кишвар рӯ ба рӯ шуд.
Вай дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ дар Ереван гуфт: "Дар мусобиқаи Hype Fighting ҳарифи чечени худро шикаст додам. Сипас байрақи Арманистон ва байрақи Тоҷикистонро бардоштам. Ин корро ба хотири дӯстам кардам, ки соли 2020 дар ҷанги Қаробоғи Кӯҳӣ ҳалок шуд. Рафиқе, ки якҷоя калон шудем, хӯрок хӯрдем, тарбия ёфтем, таҳсил кардем. Пирӯзии худамро ба ӯ бахшидам."
Корбарони зиёди арманӣ дар саҳифаи Сулаймон Маҳмадов дар Инстаграм ба ӯ барои бардоштани парчами Арманистон ва ба бар кардани либоси сарбозони арманӣ ибрози сипос ва эҳтиром кардаанд.
Вай, ки дар мусобиқоти гуногуни вилоятиву шаҳрӣ, аз ҷумла мусобиқоти гуштӣ дар Русия ҳам пирӯз шудааст, дар бораи рақобатҳояш дар ҳалқаи муҳорибаҳои омехта чунин гуфт:
"Соли 2015 барои хондан аз Тоҷикистон ба Ростови Русия рафтам. Дар онҷо он ҷо омӯзишгоҳро хатм карда, сипас ба донишгоҳ қабул шудам. Бори якум соли 2023 ба Арманистон омада будам. Мардуми тоҷик, мардуми Арманистон маро хеле дӯст доштанд. Дар он ҷо ҳам ҳам байрақи Арманистон ва ҳам байрақи Тоҷикистонро бардоштам."