Дар бозиҳои ҷавобии марҳалаи ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026, ки рӯзҳои 19-21-уми июн баргузор гардиданд, дувоздаҳ дастаи лигаи олӣ ва чаҳор тими лигаи якуми футболи кишвар рақобат карданд.
Натиҷаҳои бозиҳо:
«Эсхата» (Хуҷанд) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – аз рӯйи пеналти - 5:4
Бозии аввал: 0:0
«Моҳир» (Ёвон) – «Вахш» (Бохтар) – 2:1 – аз рӯйи пеналти – 5:6
Бозии аввал: 2:3
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – КМВА (Душанбе) – 2:1
Бозии аввал: 0:0
«Ҳосилот» (Фархор) –«Равшан» (Кӯлоб) – 0:1
Бозии аввал: 2:2
«Барқчӣ» (Ҳисор) - «Истаравшан» (Истаравшан) – 0:1
Бозии аввал: 1:2
«Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
Бозии аввал: 1:3
«Рахш» (Восеъ) – «Сардор» (Турсунзода) – 3:4
Бозии аввал: 0:5
«Сомон» (Данғара) – «Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) – 0:2
Бозии аввал: 1:4
Пас аз натиҷагирии бозиҳои ҷавобии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 ҳамаи иштирокчиёни марҳалаи чорякниҳоии мусобиқа маълум гардиданд. Ҳафт дастаи лигаи олӣ ва як тими лигаи якум (Панҷшер) муборизаро барои Ҷоми миллӣ идома медиҳанд.
Ҳамин тариқ, барои ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:
«Эсхата» - «Панҷшер»
«Сардор» - «Истаравшан»
«Равшан» - «Парвоз»
«Вахш» - «Хуҷанд»
Ғолибони марҳалаи чорякниҳоӣ аз рӯйи натоиҷи ду бозӣ муайян шуда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 роҳ пайдо мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, маблағи умумии ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷоми миллӣ бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Ба иштироккунандаи бозии ниҳоӣ 100 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Финали мусобиқа дар варзишгоҳи "Вахш"-и шаҳри Бохтар барпо хоҳад шуд.
Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2027/28 мегардад.
Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 36-ум сурат гирифтааст. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе (10 бор) ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (8 бор) ба даст овардаанд.
Соли гузашта “Регар-ТадАЗ” дар бозии ниҳоӣ дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода буд.
НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992-2025):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4
2023 – «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) –– 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:4
2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) –– 2:1
2025 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Эсхата» (Хуҷанд) –– 5:0