Ҳамсари як овозхони маҳаллӣ дар Ишкошими Афғонистон кушта шуд

Тасвире аз Лайламо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Ҳамсари Абдусалом Мафтун, як овозхони шинохтаи маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон субҳи 7 май аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шудааст. Абдусалом Мафтун аз пайвандон ва шогирдони маҳаллихони шинохтаи Афғонистон Мир Мафтун мебошад.

Як манбаъ бо фиристодани наворе аз маросими ҷанозаи ин зан гуфт, ки Лайламо бо кӯдаки хурдсолаш ба тарафи бозори вижаи занон дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон дар ҳаракат буд, ки ҳадаф қарор гирифт ва пас аз интиқол ба бемористон, ҷон бохт. Кӯдаки ӯ аз ин ҳамла ҷони солим ба дар бурдааст.

Ба гуфтаи манбаъҳо, Лайламо дар ин бозор мудири як қаҳвахона ва масъули коргоҳи дӯзандагӣ буд, ки аз тарафи Бунёди Оқохон таъсис шуда буд.

То кунун ҳеч кас ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда нагирифтааст. Бархе расонаҳо навиштаанд, ки як нафар дар робита ба ин ҳодиса боздошт шудааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки тибқи гузоришҳои СММ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, хушунат алайҳи занон дар Афғонистони зери ҳокимияти Толибон ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши ҳайати намояндагии СММ дар Афғонистон, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо хушунат алайҳи занон дар моҳи ноябри соли 2025 нашр шуд, хушунат алайҳи занон ва духтарон дар Афғонистон 40 дарсад афзоиш ёфтааст.