"Ҳамос" ҷасади чор гаравгон, аз ҷумла ду кӯдакро ба Исроил дод

Гуруҳи фаластинии "Ҳамос", ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, рӯзи 20-уми феврал ҷасади чор гаравгони ҳалокшудаи исроилиро ба Салиби Сурх супорид.

Ду нафари онҳо Ариэл Бибаси чорсола ва бародари нуҳмоҳаи ӯ Кфир буданд. "Ҳамос" пайкари модари ин кӯдакон Шири ва як асири калонсол Одед Лифшитсаро ҳам ба Салиби Сурх дод. Ҳамаи онҳо 7-уми октябри соли 2023 ва дар ҷараёни ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил асир шуданд.

Ярден Бибас, падари кӯдакони ҳалокшуда пештар аз сӯи "Ҳамос" озод шуда буд. Ӯро аз зану фарзандаш ҷудо нигоҳ медоштанд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ин рӯзро барои кишвараш рӯзи вазнин хонд.

"Ҳамос" пайкари асиронро ба Салиби Сурх супорид

Гуруҳи "Ҳамос" ҳанӯз моҳи ноябри соли 2023 эълон карда буд, ки кӯдакон ва модари онҳо дар ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба Навори Ғазза кушта шудаанд. Дар вақти интиқоли ҷасадҳо, намояндагони "Ҳамос" бори дигар Исроилро сабабгори ҳалок шудани гаравгонҳо гуфтанд. Мақомоти Исроил то рӯзҳои ахир марги ин гаравгонҳоро тасдиқ намекарданд. Дар бораи чигуна ҳалок шудани ин чор гаравгони исроилӣ иттилои аниқ ва бетараф дар даст нест. Ярден Бибас ва хешовандонаш гуфтанд, талош мекунанд, ки қазия таҳқиқ шавад.

"Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил беш аз 1200 касро кушт ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт.

Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.

Ҷанги ду тараф понздаҳ моҳ давом кард ва моҳи январи имсол оташбас барқарор шуд.