Ҳамла дар мактабе дар вилояти Маскав. Як навраси тоҷик кушта шуд

Маҳалли ҳодиса

Имрӯз, 16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав як навраси 10-сола кушта шудааст.

Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово ворид шуда, аввал посбон ва сипас як наврасро теғ задааст.

Навраси кушташуда, ки аз ӯ расонаҳои Русия Қобилҷон ном бурдаанд, тоҷик аст ва бар асари захмҳои амиқ ҷон додааст.

Модари ӯ дар ҳамин мактаб фаррош будааст. Яке аз ҳамсоягони ин оила ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан пас аз марги шавҳараш ду фарзандро ба танҳоӣ бузург мекард.

Видео дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамла ба мактабе дар Маскав. Як навраси тоҷик кушта шуд

Раёсати умури дохилии Маскав мегӯяд, ҳамлаварро дастгир карданд. Расонаҳои Русия навиштанд, ки ӯ дар синфи 9-ум мехонад. Бино бар маромномае, ки ӯ ба ҳамсинфонаш фиристодааст, пайрави нажодпарастон буда, марги мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ номидааст.

Дар Интернет видеое, ки ҳамлавар бардоштааст, нашр шуд ва ӯ ҳангоми рӯ ба рӯ омадан ба гурӯҳе аз хонандагон ва муаллимашон аз онҳо мепурсад, ки миллаташон чист.

Дар бораи сабабҳои ҷиноят ҳанӯз чизе нагуфтаанд.

Мақомот бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Навор дар Инстаграм: