Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба анборҳои Ozon дар ду шаҳри Русия

Анбори ширкати Ozon дар Уфа

Дронҳо ё ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина шаби 27-уми август ба анборҳои ширкати Ozon дар Оренбург ва Уфа ҳамла кардаанд.

Ширкати Ozon гуфтааст, кормандонро фаврӣ ба ҷойи амн кӯчонданд ва тибқи маълумоти ибтидоӣ “касе осеб надид”.

Гуфта мешавад, анбори Ozon дар Оренбург дубора кори худро сар кардааст, аммо анбори Уфа муваққатан бастааст.

Дар ширкат гуфтанд: “Ҳоло дар Уфа бор қабул намекунем. Молҳое, ки дар роҳ ҳастанд, ба марказҳои дигар фиристода мешаванд.”

Шаби гузашта шаҳри Стерлитамак дар Русия низ ҳадафи ҳамлаи паҳподҳо қарор гирифтааст.

Вазорати дифои Русия гузориш дод, ки шаби гузашта 267 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро раҳгирӣ ва нобуд кард.