Сергей Попко, раиси маъмурияти низомии Киев, дар шабакаи “Телеграм” навишт, ҳамла беш аз ҳафт соат давом кард.
“Ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҳар ҷониб ба шаҳр ҳуҷум карданд. Ин ҳамлаи ҳафтум ба шаҳри Киев дар моҳи июл аст. Дар ҳоли ҳозир талафот ё хисорот сабт нашудааст,” – афзуд ӯ.
Волии Донетск хабар дод, ки бар асари тирборони Русия дар ин вилояти шарқии Украина рӯзи 30-юми июл камаш чор ғайринизомӣ кушта шуданд. Мақомоти маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нерӯҳои Русия тайи чанд рӯзи охир ҳамлаҳои худро дар Торетск ва Покровск, дар шарқи Украина, сахттар кардаанд.
Раиси вилояти Херсон Александр Прокудин рӯзи 30-юми июл дар “Телеграм” навишт, ки дар пайи ҳамлаҳои Русия дар ин минтақаи ҷанубии Украина ҳашт нафар захмӣ шуда, зербунёдҳои иҷтимоӣ дар Чорнобайивка зарар дидаанд.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард ва даргирии ду тараф аз он замон то ҳоло идома дорад.