Зарбаи нави "Толибон" ба Покистон. Кишварҳои минтақа хоҳони поёни даргирӣ шуданд

Ҳамлаи артиши Покистон ба шаҳри Кобул

Хабаргузории Бохтар, ки зери назорати ҳукумати Толибон кор мекунад, аз мавҷи тозаи ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои низоми Покистон дар хатти марз хабар дод. Телевизиони давлатии зери назари Толибон ҳам бо такя ба сухангӯи волии вилояти Хуст хабари ҳамлаҳои навро пахш кардааст.

Забеҳулло Муҷоҳид, 27 феврал, шаҳри Кобул

Дар ҳамин ҳол Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон 27-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки тайёраҳои ҷосусии Покистон рӯзи гузашта бар фарози Афғонистон парвоз карданд. Ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон пеш аз ин ба чанд макон дар Кобул, Пактиё ва Қандаҳор зарба заданд.

Ҳукумати Толибон муддаӣ аст, ки аз оғози даргириҳо 55 сарбози покистонӣ кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд. Толибон мегӯянд, дар задухӯрд 13 узви ин гуруҳ низ кушта шудаанд.

Аз он тараф Сухангӯи артиши Покистон иддао кардааст, ки 274 сарбози Толибон ва 12 нерӯи покистонӣ кушта шудаанд.

Радио Озодӣ мустақилона наметавонад омори талафоти ду ҷонибро тасдиқ кунад.

Пайомади ҳамлаи Толибон ба Покистон

Бо идомаи даргирӣ миёни Толибон ва Покистон баъзе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Қатар талош доранд, ки ин низоъ поён ёбад. Як манбаи огоҳ аз ин гуфтугуҳо ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, "Арабистони Саудӣ бо ҳамоҳангии Қатар талош мекунад танишҳо миёни Покистон ва Афғонистонро коҳиш диҳад".

Ба гуфтаи мақомоти Қатар, Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон 27-уми феврал бо Муҳаммад Алхалифа, музокиракунандаи аршади Қатар телефонӣ гап задааст.

Нерӯҳои ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон рӯзи 26-уми феврал ба минтақаҳои марзии Покистон ҳамла карданд ва тибқи хабарҳои расмӣ, Исломобод дар вокуниш чанд пойгоҳи низомиро дар Кобул, Қандаҳор ва Пактиё ҳадаф қарор додааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даргириҳо байни "Толибон"-у Покистон авҷ гирифтаанд