Ҳамлаи Исроил ба Ғазза пас аз дастури холӣ кардани Рафаҳ

Рафаҳ, 11-уми майи соли 2024

Нерӯҳои Исроил баъд аз дастури нав дар бораи холӣ кардани шаҳри Рафаҳ, рӯзи 12-уми май ба Навори Ғазза ҳамла кардаанд.

Оҷонси дифои шаҳрвандии Ғазза рӯзи якшанбе гуфт, ду пизишк дар шаҳри марказии Дайр ал-Бало кушта шуданд. Хабарнигорони “Франс Пресс” аз даргирӣ ва тирандозиҳои шадид гузориш доданд.

Исроил рӯзи 11-уми дастури навро барои холӣ кардани Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза ва дар наздикии сарҳад бо Миср содир кард.

Ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", бо вуҷуди фишорҳои афзояндаи Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигари ҳампаймон, Исроил барои густариши амалиёти низомӣ дар Рафаҳ омода мешавад.

Беш аз як миллиону чорсад ҳазор фаластинӣ дар шаҳри Рафаҳ паноҳ бурдаанд. Фармони нав мардумро маҷбур мекунад, ки ба шимоли Ғазза баргарданд, ҷое, ки бар асари ҳамлаҳои пешинаи Исроил вайрон шудааст.

Дабири кулли Созмони Милал вазъро дар шаҳри Рафаҳ бисёр "ҳассос" номида, ба артиши Исроил ҳушдор додааст, ки амалиёти низомиро дар ин шаҳр тавсеа надиҳад. Антонио Гутерриш гуфт, амалиёти густурдаи заминии Исроил дар Рафаҳ боис ба бӯҳрони бузурги башарӣ хоҳад шуд.

Исроил мегӯяд, ҳадафаш аз ҳамла раҳоии гаравгонҳо ва маҳви гурӯҳи тундрави “Ҳамос” аст. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ, ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст, моҳи октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла карда, 1200 нафарро куштанд ва беш аз 240 нафарро рабуданд.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар ҳафт моҳи ҳамлаи Исроил ба ин борика тақрибан 35 ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд.