Артиши Амрико шаби гузашта ба мавзеъҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар ҷазираи Лорак, дар наздикии тангаи Ҳурмуз, ҳамла кардааст. Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, дар иваз пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар минтақа ҳадаф қарор дод.
Як мансабдори амрикоӣ дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ду партобгари мушакии Эронро дар ҷазираи Лорак заданд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки Сипоҳи посдорон дар ҳоли омодагӣ барои партоби мушакҳои ҳомили минаҳои баҳрӣ ба оброҳаи муҳими Ҳурмуз будааст.
Хабаргузории "Рейтерз" ва шабакаи "Ал-Ҷазира" дар гузоришҳои ҷудогона аз қавли мақомҳои амрикоӣ навиштанд, ки артиши Амрико шоми якшанбе ду партобгари мушакии мутааллиқ ба Сипоҳи посдоронро дар Лорак ҳадаф қарор доданд.
Сипоҳ посдорони Эрон чанд соат пас аз ин ҳамла эълон кард, ки дар пайи ин ҳамлаҳо чанд тан аз нерӯҳояш кушта шуданд. Сипас Ҷумҳурии Исломӣ дар баёнияе гуфт, дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо, пойгоҳҳои низомии амрикоии Малик Ҳусейн ва Ал-Азрақро дар Урдун бо мушак ва паҳпод ҳадаф қарор додааст.
Артиши Урдун низ гуфт, ки низоми дифои ҳавоии ин кишвар ҳашт мушакро раҳгирӣ карданд, ки бомдоди душанбе вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуда буданд.
Расонаҳои ҳукуматии Эрон субҳи 31-уми август навиштанд, ки нерӯҳои низомии Эрон дар посух ба ҳамлаи нави Амрико бо паҳпод ба пайгоҳи амрикоии "Ал-Минҳод" дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳамлаҳо анҷом доданд.
Артиши Эрон гуфтааст, маҳалли ҷобаҷойии чархболҳо ва нерӯҳои Амрикоро дар пойгоҳи Ал-Минҳоди Иморот бо "партоби даҳҳо паҳподи вайронгар" ҳадаф қарор додааст.
Ҳафтаи гузашта Фармондеҳии марказии артиши ИМА эълон карда буд, ки нерӯҳои амрикоӣ амалиёти поксозии минаҳои баҳрӣ аз масирҳои киштиронии байнулмилалии тангаи Ҳурмузро ба поён расонида ва фаъолиятҳо дар он минтақаро ба диққат зери назар доранд.
Ҳамлаҳои 30-юми август нахустин ҳамлаҳои эълоншудаи мустақими Амрико ба мавзеъҳои низомии Эрон дар беш аз як моҳи гузашта ба шумор меравад ва дар ҳоле рух медиҳад, ки Вашингтон дар талош барои барқарор кардани рафтуомади киштиҳо дар яке аз муҳимтарин ва стратегитарин гузаргоҳҳои баҳрии ҷаҳон аст.
Дар пайи ҳамлаҳои мансуб ба Эрон ба чанд нафткаш дар нимаи дувуми моҳи июл, артиши Амрико ба муддати ду ҳафта ҳамлаҳо ба нуқтаҳои гуногуни Эрон анҷом дод ва нерӯҳои низомии Эрон низ чанд кишвари Ховари Миёнаро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор доданд.
Ин даргириҳо амалан боиси фурӯпошии тафоҳумномаи Исломобод шуд, ки дар нимаи дувуми моҳи май аз сӯи президентҳои Эрон ва Амрико имзо шуда буд.