Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Украина анбори ширкати тиҷорати онлайнии Wildberries дар вилояти Ленингради Русия оташ гирифтааст. Волии вилояти, Александр Дрозденко, 24-уми июл хабар дод, ки бар асари ҳамлаи паҳподҳо се нафар маҷруҳ шуд.
Wildberries, ки яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷории Русия ба шумор меравад, тасдиқ кардааст, ки фаъолияти ду маркази лоҷистикияш дар вилояти Ленинград мутаваққиф гардида, кормандони ширкат аз нимҷазираи ишғолшудаи Қрими Украина берун кашида шудаанд. Аммо Wildberries исрор меварзад, ки дар ҳамлаи охир касе ҷароҳат набардошт.
Дар як ҳафтаи гузашта панҷ анбори Wildberries мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, ки тибқи ҳисобҳои тахминӣ даҳ дарсади имконоти лоҷистикӣ ё икмолотии ин ширкатро ташкил медиҳанд.
18-уми июл ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба анборҳои Wildberries дар шаҳрҳои Котовски вилояти Тамбов ва шаҳри Электростали вилояти Маскав ҳамла карданд. Дар натиҷа 8 коргари Wildberries ба ҳалокат расиданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дафни як ҷонбохтаи ҳамла ба анбори Wildberries дар ТоҷикистонБаъди чор рӯз анборҳои ин ширкат дар шаҳрҳои Краснодар, маркази вилояти Краснодар ва Невинномисски вилояти Ставрополи ҷануби Русия ҳадафи ҳамлаҳои паҳподҳои украинӣ қарор гирифтанд.
Русия ҳар рӯз шаҳрҳои Украина, марказҳои лоҷистикӣ, нерӯгоҳҳо ва хату шабакаҳои интиқоли барқи Украинаро оташборон мекунад.
Киев бар ин назар аст, ки Wildberries дар таҷовузи Русия ба хоки Украина саҳм дошта, тавассути ин ширкати азим амволи ҷангӣ нигаҳдорӣ ва интиқол меёбанд.
Кремл ин айбномаро рад мекунад.
Ҳамлаҳои ахири Украина марҳилаи наверо дар ҷанги чорунимсола боз мекунанд, чун дастовардҳои низомии Русияро беасар карда, ҳаёти маъмулии мардуми Русияро дар манотиқи хеле дуртар аз марз бо Украина дарҳаму барҳам мезананд.
Амволи Wildberries ҳамроҳ бо рақибаш, ширкати ОЗОН, ҳаштуним дарсади маҷмӯи маҳсулоти миллии Русияро ташкил медиҳанд. Дар ин ду ширкати азим 4 миллион нафар кор мекунад, ки панҷ дар сади нерӯйи кории Русияро ташкил медиҳад.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамлаи дигар ба анбори Wildberries дар Русия