Оташбас барои расондани ёрии башардӯстона ба мардуми Олешки дар ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр ба иҷро даромад.
Ҳамагӣ чанд соат пеш аз он Русия ба хобгоҳи донишҷӯён ва маконҳои дигари ғайринизомӣ дар Киев зарба зада, дастикам як нафарро кушт.
Ин оташбас ҳафтаи гузашта бо миёнравии Мелания Трамп, ҳамсари раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, ба даст омада, Маскав ва Киев онро пазируфтаанд.
Он дар шароите ба иҷро даромад, ки ба гуфтаи Мелания Трамп вазъ дар Олешки бисёр ташвишовар аст.
Ин шаҳр дар остонаи фоҷеа қарор дорад ва аҳолии боқимондаи он асосан аз сокинони солхӯрда иборат ҳастанд, ки ба муолиҷаи фаврии пизишкӣ, дору, хӯрок ва оби ошомиданӣ ниёз доранд.
Инро ҳам бинед:
“Инҷо дӯзах аст.” Зиндагӣ дар Олешки, шаҳре зери ишғоли РусияДмитро Лубинетс, ваколатдори ҳуқуқи башари Украина, рӯзи 27-уми октябр дар шабакаи Телеграм навишт, “оташбас оғоз шуд ва ҷониби Украина ба уҳдадориҳои худ пойбанд аст.”
Вазорати мудофиаи Русия низ эълон кард, ки пеш аз оғози амалиёти башардӯстона дар Олешки “низоми оташбас” ҷорӣ кардааст.
Олешки дар соҳили дарёи Днепр ва рӯ ба рӯи маркази вилояти Херсони Украина ҷойгир аст.
Пеш аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, аҳолии ин шаҳр қариб 24 ҳазор нафарро ташкил медод.
Дафтари Мелания Трамп тахмин мезанад, ки ҳоло аз 1700 то 2000 нафар дар ин шаҳр мондаанд ва тақрибан 50 нафари онҳо кӯдак ҳастанд.
Гумон меравад, аксар сокинони Олешки занону мардони солхӯрдае ҳастанд, ки натавонистаанд ё нахостаанд шаҳрро тарк кунанд.