Ҳамлаҳои мушакии Русия ба пойтахти Украина

Киев, 2-юми сентябри 2024

Русия дар рӯзи 2-юми сентябр ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ҳамлаи мушакӣ анҷом дод.

Ба иттилои “Reuters”, низоми дифои ҳавоӣ ё падофанди ҳавоии Украина ин мушакҳоро пеш аз он ки ба нишон бирасанд, аз байн бурдаанд.

Дар бораи талафоти ҷонӣ гузорише нест.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, гуфт, бар асари афтодани боқимондаҳои мушаку ҳавопаймои бесарнишин камаш ду кас захмӣ шуд.

Сергей Попко, раиси идораи низомии Киев гуфт, нерӯҳои дифои ҳавоии Украина беш аз бист мушак ва як ҳавопаймои бесарнишини Русияро нобуд карданд. Онҳо пойтахти Украина ва ноҳияҳои атрофи онро нишон гирифта будаанд.

Русия ин ҳамлаҳоро ба Киев дар ҳоле анҷом медиҳад, ки нерӯҳои украинӣ тақрибан як моҳ боз назорати чанд минтақаи аҳолинишинро дар вилояти Курски Русия зери назорат доранд.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳафтае пеш гуфт, нақшаи поёни ҷангро таҳия кардааст ва ба зудӣ онро бо Амрико ва мақомоти дигари ғарбӣ дар миён мегузорад.

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва аз он замон даргирӣ идома дорад.