Расонаҳои байнулмилалӣ аз ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилоятҳои Кунар ва Пактико дар шарқи Афғонистон хабар доданд. Ин ҳамлаҳо субҳи 21-уми сентябр анҷом шудаанд.
Мақомҳои ҳукумати Толибон дар Афғонистон тасдиқ кардаанд, ки артиши Покистон чанд минтақаро дар ноҳияи Нургули вилояти Кунар ва чанд минтақаи дигарро дар ноҳияи Бармили вилояти Пактико ҳадаф қарор дод.
Масъулини ҳукумати "Толибон" гуфтаанд, ки дар ҳамлаи Покистон ба як хонаи истиқоматӣ дар Кунар се ғайринизомӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи манбаъҳо, дар ҳамла ба Пактико чанд дӯкон ва хона осеб дидаанд.
Мақомоти Покистон то кунун дар ин бора ибрози назар накардаанд.
Ҳамлаҳо ба Афғонистон дар ҳоле сурат гирифтаанд, ки рӯзи 18-уми сентябр бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ ё худкушона ба қароргоҳи кормандони пулис дар наздикии як масҷид дар минтақаи Куҳоти вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон беш аз 30 нафар кушта шуданд.
Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ, аксар кушташудаҳо кормандони пулис ҳастанд. Ҳукумати Покистон эълон кард, ки ин ҳамла дар Афғонистон тарҳрезӣ шудааст.
Исломобод ҳамвора ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба паноҳ додан ба ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон муттаҳам мекунад. Иттиҳоме, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистон онро рад мекунад.