Ҳамлаҳои Амрикову Эрон ба ҳамдигар бо вуҷуди оташбас

Рӯзи сешанбе ва чанд соат баъд аз онки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, Эрон як чархболи "Апачи"-и амрикоиро дар тангии Ҳурмуз сарнагун кардааст, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ба Эрон ҳамла карданд.

Фармондеҳии марказии нерӯҳои амрикоӣ гуфт, дар ин амалиёт системаҳои дифои ҳавоӣ, радарҳо ва марказҳои фармондеҳии Эронро дар наздикии Ҳурмуз ҳадаф гирифтаанд. Ба гуфтаи фармондеҳон, ин иқдом “посухи мутаносиб” ба ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои амрикоӣ ва киштиҳои тиҷоратӣ буд.

Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки нерӯҳои Амрико ба ҷазираи Қишм ва шаҳри бандарии Сирик дар тангии Ҳурмуз ҳамла кардаанд. Теҳрон гуфтааст, ки чархболи амрикоиро онҳо назадаанд.

Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон, дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, ки кишвараш “ҳеч гуна ҳамла ё таҳдидро бепосух намегузорад”.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, ки ба як пойгоҳи амрикоӣ дар Урдун ва 21 ҳадафи дигар дар атрофи Халиҷи Форс ҳамла кардааст. Пойгоҳҳо дар Кувайт ва Баҳрайн низ дар байни ин ҳадафҳо буданд.

Як мақоми амрикоӣ, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, тақрибан ҳамаи мушакҳо ва паҳподҳои Эронро маҳв кардаанд ва ҳеч гузорише дар бораи осеб дидани низомиёни амрикоӣ нарасидааст.

Фармондеҳии марказии Амрико гуфт, ки вазъи сиҳатии ду халабони чархболи “Апачи” муътадил аст.

Пас аз шиддат гирифтани ин даргириҳо, субҳи рӯзи чоршанбе нархи нафт дар бозорҳои Осиё ҳудуди 1 дарсад боло рафт.

Доналд Трамп борҳо гуфтааст, ки Вашингтон ва Теҳрон ба созиш наздиканд, аммо аз замони оғози оташбаси шикананда дар аввали моҳи апрел, пешрафти каме ба даст омадааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамлаҳои Амрикову Эрон ба ҳамдигар бо вуҷуди оташбас