Ҳукумати Русия ва намояндагони низомии Толибон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд, аммо ҷузъиёти он фош намешавад. Коршиносон ин суолро матраҳ мекунанд, ки оё ин аз як дигаргунии ҷиддӣ хабар медиҳад ё танҳо як иқдоми рамзӣ аст.
Расонаҳои русӣ гузориш доданд, ки созишномаро 27-уми май Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия ва Муҳаммад Ёқуб, вазири дифои Толибон дар ҳошияи як нишасти амниятӣ дар Маскав имзо кардаанд.
Ҳеч яке аз ҷонибҳо матни созишномаро нашр накарданд ва дар бораи он тафсилоте ҳам дода намешавад. Камбуди маълумот ба коршиносон имкон намедиҳад, рӯшан кунанд, ки ду тараф ба як тағйири воқеӣ дар равобити низомӣ ворид шудаанд ё созиши нав танҳо маънои рамзӣ дорад.
Ёддошти ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ метавонад аз фурӯши силоҳ, омӯзиш, нигоҳдорӣ, дастгирии ҳамлу нақл ва то кумакҳои фанниро фаро гирад.
Коршиносон мегӯянд, бо назардошти ҷанги идомадор дар Украина ва таъсири таҳримҳои фалаҷкунандаи Ғарб, тавоноии Русия барои густариши ҳамкориҳои низомӣ бо Толибон маҳдуд аст.
"Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ зери фишори сахт аст ва наметавонад ба ҳукумати Толибон кумаки ройгони низомӣ расонад", - мегӯяд Ҳамид Ҳакимӣ, пажӯҳишгари аршади Шӯрои Атлантик.
Ин таҳлилгар дар навбати худ гуфт, "ҳукумати Толибон захираҳои кофии молӣ надорад, то таҷҳизоти зиёди низомии Русияро харад".
Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки ҳамагуна ҳамкорӣ миёни ду тараф бештар ба ҳамоҳангсозӣ ё омӯзиш тамаркуз хоҳад кард, на интиқоли бузурги силоҳ.
Руслан Сулаймонов, коршиноси рус дар суҳбат бо нашрияи мустақили The Insider, қароргоҳаш дар Латвия, гуфтааст, ин созишнома бештар паёми сиёсӣ аст, то дастгирии наздикии низомии Маскав аз Толибон.
Русия ягона кишвари ҷаҳон аст, ки Толибонро ба унвони ҳокимони қонунии Афғонистон ба расмият шинохтааст. Ин кор соли 2025 ва чор сол баъди бозгашти Толибон ба қудрат анҷом шуд. Гуруҳи Толибон, сооли 2021 пас аз хуруҷи неруҳои Амрико ва НАТО қудратро дар Афғонистон дубора ба даст гирифт.
Чанд кишвари дигар, аз ҷумла Чин, Қазоқистон ва Узбекистон бидуни ба расмият шинохтани Толибон бо онҳо равобити дипломатӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ба роҳ мондаанд.
Русия дар солҳои охир чанд бор ҳайатҳои Толибонро мизбонӣ карда, худро ҳамчун миёнарави калидӣ дар масъалаҳои амнияти Афғонистон вонамуд намудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эътирофи ҳукумати Толибон аз сӯи Русия. Истиқболи Чин, эҳтиёти Покистон ва интиқоди гурӯҳҳо ва чеҳраҳои афғонМаскав махсусан аз хатари шохаи Вилояти Хуросони Давлати Исломӣ ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарон аст. Минтақае, ки Русия онро ҳавзаи стратегии худ мешуморад.
Гурӯҳи ифротгарои мустақар дар Афғонистон масъулияти ҳамлаи моҳи марти соли 2024 ба як толори консертӣ дар наздикии Маскавро ба уҳда гирифт, ки дар он қариб 150 нафар кушта шуданд. Ин маргбортарин ҳамла дар Русия дар тӯли ду даҳсолаи ахир ба шумор меравад.
Александр Бортников, раиси Хадамоти амнияти федеролии Русия 26-уми май ҳушдор дод, ки шохаи Вилояти Хуросони Давлати Исломӣ яке аз фаъолтарин ва хатарноктарин созмонҳои террористии амалкунанда дар Афғонистон мемонад.
Кобул дар ҷустуҷӯи шарикони нав
Дар шароити инзивои байнулмилалӣ, доштани равобити наздик бо Русия барои Толибони Афғонистон манфиатҳои дипломатиро дар пай дорад.
Кобул бо роҳандозии ҳамкорӣ бо Маскав метавонад паём диҳад, ки аз низоми байналмилалӣ комилан ҷудо нест ва бо қудратҳои бузурги берун аз ҷаҳони Ғарб шарикии амниятӣ барқарор мекунад.
"Арзиши рамзии созишнома бо Русия барои Толибон дар он аст, ки онҳо талош мекунанд шинохти байналмилалӣ ба даст оранд ва ҳамчунин як маъракаи таблиғотӣ барои таъсир расонидан ба афкори умум дар дохили кишварро роҳандозӣ кунанд", — гуфт коршинос Ҳамид Ҳакимӣ ба Радиои Озодӣ.
Сергей Шойгу
Толибон, ки бо мушти оҳанин Афғонистонро идора мекунанд, дар миёни мардум бадноманд. Ин гурӯҳи ифротии исломӣ то андозае ба ин кишвари ҷангзада оромии нисбӣ оварда, вале бисёре аз мардум, махсусан занонро аз ҳуқуқҳои асосияшон маҳрум кардааст. Толибон ба нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешаванд.
Аз нигоҳи Маскав, ин созишнома талоше барои бозпас гирифтани нуфуз дар минтақа арзёбӣ мешавад.
Маскав ҳамчунин талош дорад, ки худро ҳамчун нерӯи муқовим дар баробари сиёсати Ғарб нишон диҳад.
Дар ҷараёни нишасти амниятӣ, ки 27 май дар Маскав гузашт, Сергей Шойгу бори дигар аз кишварҳои ғарбӣ хост, маблағҳои ҳукумати Афғонистонро дар бонкҳои хориҷӣ озод кунанд ва оқибати, ба гуфтаи ӯ, ҳузури бистолаи худро пазиранд.
Пеш аз ин дар рӯзи 14-уми май Шойгу дар нишасти амнияти минтақаӣ дар Қирғизистон гуфт, Русия бо Толибон “гуфтугӯи судманд”-ро ба роҳ мондааст. Дабири Шӯрои амнияти Русия ҳамчунин бо ишора ба нигарониҳои муштараки амниятӣ ва суботи минтақаӣ гуфт, Маскав бо Кобул "шарикии комилҳуқуқ"-ро тақвият хоҳад дод. Вале шарҳ надод, ин шарикӣ аз чиҳо иборат хоҳад буд.