Дар Эрон пули миллӣ беқурбтару нархҳо гаронтар шудаанд ва сокинони ин кишвар дар харидани хӯрок, иҷораи манзил ва пардохти пули таҳсил сарфаҷӯйӣ мекунанд.
"Қарор додам, ки ин моҳ то ҳадди имкон эҳтиёткорона зиндагӣ кунам ва хароҷотамро кам намоям. Мехостам бисёр хароҷоти ҳаррӯзаамро кам кунам, аммо ин кофӣ нест. Дар охири моҳ тақрибан ҳеч чиз намемонад," – гуфт донишҷӯ Саидӣ.
Ҷанг бо Иёлоти Муттаҳида дар ҳашт моҳи гузашта сатҳи таваррум (инфлятсия)-ро дар Эрон ба таври бесобиқа боло бурда, даромади хонаводаҳоро кам ва фақрро бештар кардааст.
"Арзиши доллар боло рафтааст. Ҳама чиз гарон шуд. Гӯшту мурғу… Мардум маҷбуранд, ки лавозими аввалияро бихаранд, вале либосу пӯшокро кам кардаанд," – гуфт як сокини шаҳри Теҳрон ба хабаргузории "Рейтерс".
Ноамнӣ дар минтақа пас аз ҳамлаи Амрико ва Исроил дар 28-уми феврал оғоз шуд. Гулӯгоҳи Ҳурмуз аз сӯйи Эрон баста шуд ва Амрико ҳам роҳҳои обии Эронро баст. Содироти нафти Эрон ва тиҷорати ин кишвар халалдор шуд. Эрон солҳо боз зери таҳрим буд ва ин вазъ иқтисоди кишварро бадтар кард.
Инро ҳам бинед:
Бессент фишорҳои Амрикоро ба Эрон муассир донистДар ин шароит маоши сокинон барои зиндагӣ нокифоя шудааст ва аксаран пасандозҳои худро сарф карда, харидани ғизо ва либосро кам кардаанд. Тиҷорати соҳибкорон ҳам ба мушкил печидааст.
"Танҳо нархи гӯшт нест, ки боло рафтааст. Пули иҷораи хона ҳам афзудааст," – гуфт як сокини дигари Теҳрон ба хабаргузории "Рейтерс".
Таҳримҳои сахт воридоти маҳсулот ба Эронро душвор гардонда, дастрасӣ ба пул ё асъори хориҷӣ маҳдуд шудааст.
Маҳсулоте, ки бояд коркард ё фурӯхта шавад, хеле кам ба Эрон ворид мешавад ва фаъолияти корхонҳои хурду бузург суст шудааст. Аз ин рӯ, даромад кам ва бекорӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Мушкили иқтисодӣ дар солҳои охир дар Эрон сабаби эътирозҳо шуда буданд. Зоҳиран мақомоти ин кишвар аз вазъияти ҷангӣ, беқурбшавии пул ва бекорӣ, ки эҳтимол боз ҳам сабри мардумро лабрез хоҳад кард, нигарон ҳастанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эрон: Даромади мардум кам, сарфаҷӯӣ бештар шудааст