Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз марги як сокини ноҳияи Дарвоз хабар дод, ки аз кӯҳ афтода ва ҷон бохтааст.
Ба иттилои ин ниҳод, марди 34-сола, сокини деҳаи Паткунови ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, субҳи 2-юми апрел бо мақсади ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳҳои наздики деҳа рафта буд.
"Вале бинобар лағжанда будани замин пас аз боришоти зиёд, ӯ аз баландии 60 метр ба замин афтода ва дар ҷояш ҷон додааст",-омадааст дар хабар.
Ҷасади ин мард баъд аз зуҳри ҳамон рӯз аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ёфт шуда, ба наздиконаш супурда шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хостааст, ки дар шароити обу ҳавои номусоид аз сафар ба кӯҳҳо худдорӣ намоянд.