Дар пайи ба обанбор чаппа шудани мошини хокбардор ё "мехлопата" дар кони тилои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг як нафар ҷон бохтааст. Ҳодиса 9-уми июн рух додааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, Давлатзода М. аз ӯҳдаи рондани нақлиёт набаромада, ба обанбори ширкати "Ганҷи Ваҳдат" сарозер шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷасади ин ронандаро аз об гирифта, ба наздиконаш доданд. Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса маълум нест.
Пеш аз ин дар рӯзи 23-юми май низ дар пайи чаппа шудани кӯҳпораи азим дар кони тилои Шугнов чор кас ба ҳалокат расида буд.
Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир шаш ширкат ба заршӯӣ машғуланд.