Ҳалокати як коргар дар ҳавзи заршӯӣ дар Дараи Зарбуз

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Як сокини 37-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҳавзи заршӯӣ ғарқ шуда, ҷон бохтааст.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳия рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҷабалӣ Шарифов барои кор ба Дараи Зарбуз рафта, ҳангоми оббозӣ дар ҳавз ғарқ шудааст. Ҳодиса рӯзи 16-уми июн рӯй дод. Манбаъ гуфт, ҷасадро баъди ду рӯз ёфта, ба пайвандонаш доданд.

"Ҳоло дар Дараи Зарбуз баъди рафтани чиниҳо, тоҷикҳо ва аслан мардуми таҳҷоии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кор мекунанд", - афзуд мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Дараи Зарбуз дар лаби дарёи Панҷ ва дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Ҳоло дар ин минтақа ду ширкат ба заршӯӣ машғуланд.

Давоми моҳҳои май ва июни имсол чанд мавриди ҳалокати шаҳрвандон дар конҳои заршӯии минтақаи Кӯлоб сабт шудааст.

Рӯзи 8-уми июн дар кони тилои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг, Рӯҳулло Кабирови 30-сола зери экскватор монд ва ба ҳалокат расид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пештар дар бораи ҷон бохтани Меҳроҷиддин Давлатзодаи 19-сола дар ҳамин кони тило гузориш дода буд. Ӯ бо мошини хокбардори худ рӯзи 9-уми июн ба ҳавз афтод.

Охири моҳи майи имсол ба болои коргарон дар Шугнов як кӯҳпора чаппа шуда, чаҳор тан ҷони худро аз даст доданд. Мақомот сабаби ин ҳодисаро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ номиданд.