Ҳалокати чор ҷавон дар садамае дар Фархор

Ҷавонони ҳалокшуда дар дохили ҳамин мошини "Опел" будаанд

Дар пайи як садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар ноҳияи Фархор чор ҷавон ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои расмӣ, ҳодиса 7-уми июн дар роҳи ҷамоти Ватани ин ноҳия рух додааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, Файзалӣ Шарифови 58-сола “муқобили самти ҳаракат баромада”, ба нақлиёти тамғаи “Опел” задааст.

Дар ин ҳодиса чор мусофири нақлиёти "Опел" ҷароҳати сахт бардошта, дар шифохона ҷон додаанд. Фавтидагон аз 15 то 31-сола ва сокинони деҳаи Садоқат будаанд.

Навори дафни фавтидагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.

Мақомот гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Ҳар сол дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, соли 2025 дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон 643 нафар ҷон бохтаанд.